Магар нақшаҳои ниҳоии Дӯстуму Бисмилло оромишро дар Афғонистон таъмин месозанд?

Роҳбари ҳизби “ҷунбиш” ва вазири дифои Афғонистон дар мавриди авзои ҷории кишвар ба хусус вилоятҳои шимол ва шимол шарқ баҳс карданд
Маршал Абдулрашид Дӯстум, раҳбари Ҳизби “Ҷунбиши Миллии Афғонистон”, ахиран бо генерал Бисмилло Муҳаммадӣ, вазири дифои ин кишвар, дар иқоматгоҳаш дар шаҳри Кобул дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар ин мулоқот, вазъи кунунии Афғонистон, бахусус дар вазъи шимол ва вилоятҳои шимол шарқӣ Афғонистон баррасӣ шуд.
Дар ин нишаст мавзӯъи андешидани чораҳои ҷиддӣ барои бозпас гирифтани манотиқи аздастдода ва ҷилавгирӣ аз суқути минтақаҳои дигар баррасӣ шудааст.
Хабар дода шуд, ки маршали Афғонистон ва вазири дифои ин кишвар дар шимоли кишвар як дафтари сайёр ва саҳроӣ таъсис доданд, то нерӯҳои амниятӣ ва нерӯҳои хезишҳои мардумиро тақвият диҳанд, инчунин минтақаҳои аздастдодаро бозпас гиранд ва аз суқути минтақаҳо пешгирӣ намоянд.
Манбаъ ёдрас шудааст, ки чунин нақшаҳо қаблан аз ҷониби ноиби президенти пешин маршал Абдулрашид Дӯстум ба президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ пешниҳод шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *