Маълум гаштани номи «терористони тоҷик»

Додгоҳи минтақаи Мешанскийи Маскав рӯзи 16 декабр ҳукми ҳабси 4 нафари боздоштшуда бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи «Давлати исломӣ”-ро содир кард. Дар ҷараёни мурофиа исми онҳо низ эълон шуд.

Додраси додгоҳи Мешанский Олеся Менделеева рӯзи 16 декабр бо тақозои ФСБ — Хадамоти федеролии амнияти Русия – ҳукми ҳабси 4 нафареро, ки як рӯз пеш дар минтақаи Черёмушкии пойтахти Русия бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи «Давлати исломӣ” дастгир шуданд, содир кард. Ин 4 нафар, ки сеяш шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, дастикам то 14 феврал дар ҳабс боқӣ мемонанд.

Алайҳи ин 4 нафар бар асоси 4 банди Кодекси ҷиноятии Русия – қисми якуми моддаи 30 (омодагӣ ба ҷиноят), қисми дуюми моддаи 205 (омодагӣ ба амали террористӣ), моддаи 222 (хариду фурӯши аслиҳа) ва қисми сеюми моддаи 223.1 (ғайриқонунӣ сохтани василаҳои тарканда) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Ба онҳо танҳо барои хариду фурӯши силоҳ то 8 соли зиндон, барои сохтани бомбҳои худсохт то 12 сол ва барои омодагӣ ба анҷоми ҳамлаи террористӣ аз 12 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар ҷараёни қироати ҳукм додгоҳ номи ин боздоштшудаҳоро низ эълон кард. Бино ба гузориши хабарнигорони матбуоти Русия, ки дар ҷаласаи додгоҳ ҳузур доранд, яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон Исматулло (бино ба бархе гузоришҳо, Ҳикматулло) Наимов, якеи дигар зодаи ҷумҳурии Ингушистони Русия Тамерлан Тсечоев, сеюмӣ Аброр (бино ба бархе манобеи дигар, Абдул) Ҳайдаров, зодаи Тоҷикистон ва чорумӣВиктор Федорович, шаҳрванди Молдова будаанд.

Қаблан гуфта мешуд, ки се тан аз боздоштшудаҳо аз Тоҷикистонанд. Вале тоҷики сеюм метавонад зане бошад, ки дар манзили ин гумонбарон боздошт шуд ва исмаш ҳанӯз гуфта нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *