«Ман модарам» ёддоштҳои Гулсара Абдуллоева

 Китоби ёддоштҳояшро Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Гулсара Абдуллоева таҳти унвони  «Ман модарам» ба табъ расонид.

Ҳунарпеша дар асар  солҳои сипаришудаи ҳаёт, ёддошту хотира ва андешаҳояшро ба қалам медиҳад.

«Ӯ дар фазои маънавии мамлакат, намоишномаву филмҳои ҳунарӣ, барномаҳои бадеии телевизионӣ панҷоҳ нақши муқаддаси «Модар»-ро офаридааст, ки ҳар кадоме дар мақоми хеш камназиру аз нигоҳи симо, ифода, чеҳра, садову нидо ба ҳам шабоҳат надоранд» — менависад дар сарсухани китоб  нависанда ва драматург Абдуғаффори Абдуҷаббор.

«Модар», «Падар», «Гитис»-сарчашмаи меҳру сафо», «Шиносоии тақдирсоз», «Агар нагӯям гуноҳ», «Устодони азизи мо», «Духтари нозпарварди кино», «Тааҷҷуби Расул Ғамзатов», «Ман модарам», «Модари модарон», «Устод Нурҷонов, саломат бошед», «Ман ҳамонам ки…», «Нидои модар» аз асарҳои ин китобанд,  ки хонандаро бо муаллиф боз ҳам аз наздик ошно  месозанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *