Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мард занашро кушта хушдоманашро захмӣ кард

Марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пули-сангини шаҳри Норак бо ҳамсар ва мадарарусаш муноқиша намуда, ҳамсарашро ба қатл мерасонад ва хушдоманашро бо зарби ду корд сахт захми мекунад. Дар ин бора дафтари матбуоти ВКД хабар медиҳад.

Номбурда, санаи 25-уми марти соли 2020, тахминан соати 15:20-дақиқа, бинобар сабаби муноқишаи оилавӣ дар кӯчаи “Братский”-и шаҳри мазкур, бо ҳамсараш ҷавонзани 25-сола, ҷангу ҷанҷол карда, 7-маротиба бо корди қатшавандаи кисагӣ ба узвҳои гуногуни баданаш зарба зада, ҷабрдидаро ба ҳалокат расонидааст.
Сипас, бо корди дар дасташ буда 2-маротиба ба узвҳои бадани модарарӯсаш зани 45-сола зада, ӯро захмӣ кардааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Айни замон гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.