“Марг”-ро ба Тоҷикистон бо роҳи қочоқ ворид карданд?!

Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон миқдори зиёди дорувориро аз муомилот боз доштааст, ки тавассути қочоқ вориди кишвар шудааст.

Яқубов Бахтовар ном як шаҳрванди Тоҷикистон, ки қаблан низ бо моддаи 289 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда буд, ба қочоқи дору муттаҳам дониста мешавад.

Ин манбаъ иттилоъ медиҳад, ки номбурда бо мақсади ба даст овардани фоида, тавассути автомашинаи шахсии худ тамғаи «Toyota Fielder», тариқи қочоқ 34 номгӯи маводҳои дорувориро ба Душанбе ворид кардааст.

Мутобиқи хулосаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти воридкардашуда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба пайдоиш, ворид (рухсатномаи якдаъфаина) ва тасдиқкунандаи ширкатҳои истеҳсолкунандро надорад.

Шаҳрвандони акишвар хуб медонанд, ки аксари дорвуори имрӯзи дар дорухонаҳои Тоҷикистон ба фурӯш бароварда шуда, доруҳои дуюминдараҷа камтаъсир мебошанд. Ва гоҳо мешавад, ки ин гуна доруҳои ба тариқи қочоқ ворид шуда, боиси марги шаҳрвандон мегарданд. Пешгирии роҳи ин амали зишт аз ҷониби мақомоти дахдор айни мудао буда, боси бартарафшудани хавфу хатарҳо мегардад.

Манбаъ меафзояд, ки номбурда дар ворид кардани 43 ҳазор montalin-и бесифат даст дошт, ки дар асоси хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши маводҳои дорувории мазкур маблағи 162799 сомониро ташкил додааст.

Бинобар ин он замон вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Яқубов Б.В. бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд. Аммо ин барои шербачаи одаткардаи ин амали даромад дарси ибрат нагардид ва он бори дигар хост, ки шаҳди он аъмоли пештараашро бичашад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *