Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Марги хоҳари сафири Тоҷикистон дар Кувайт

Чанд дақиқа пеш Амирҳамзаи Сайидолим бо андӯҳи гарон хабар дод, ки Баҳринисо Зубайдова, хоҳари сафири Тоҷикистон дар давлати Кувайт Зубайдуллоҳ Зубайдзода бинобар бемории гирифтори вабои аср аз дунё даргузашт.

Баҳринисо Зубайдова тайи чанд рӯз буд, ки дар бистари беморӣ даст ба гиребон бо ин вабои аср буд. Ва оқибат ин маризи ҷонситон ғолиб омаду бонуи хонадони Ҷумъабой Шодиев, собиқ директори мактаби деҳаи Каздони ноҳияи Айниро дар рабуд.

Бояд тазаккур дод, ки ду сол пеш хоҳарбузурги сафири муҳтарам Назокатой Зубайдова бино бар бемории фишори хун аз олам даргузашта буд. Ин бор бошад, боз ин мусибати гарон ба хонадони Зубадзода ва Шодиевҳо панҷа зад.

Мо аҳли эҷоди сомонаи Pressa.tj аз даргузашти хоҳари сафири Тоҷикистон дар давлати Кувайт Зубайдуллоҳ Зубайдзода, сахт андӯҳгин буда, ба аҳли хонавода ва пайвандони марҳум сабри ҷамил хоста, ба даргоҳи Худованд даст ба дуоем, то ҷойи ин бонуро фирдавси барин гардонда бошад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Рахматуло 919175342 05.08.2021 07:16

    Худованд рахмату магфират бигардонад ва чояшонро чанатул фирдавс бигардонад ба наздикон сабри чамил ато бифармояд

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.