Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Матбуоти озод дар куҷост? Амрико? Русия ё Тоҷикистон?

  Дирӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи матбуоти озодро ҷашн гирифтанд.

Ҳама аз озодӣ ҳарф мезаданду дар бораи он ки дар кадом кишвари дунё матбуот аз ҳама бештар соҳиби озодиҳост, баҳс мекарданд. Дар Душанбе низ маҳфиле ба хотири ин рӯз дар меҳмонхонаи “Шератон” бо м аблағгузории ОБСЕ  баргузор гардид.  Дар он, тавре ки ширкаткунандагонаш  шоҳидӣ доданд, (мутаассифона, имкони ширкат кардан надоштем) баҳсҳои хуб ва маърӯзаҳои муфид садо додаанд. Аммо боз нафаре гуфтааст,ки гӯё ду рӯзноманигор дар ТВ баромад карда, гуфтаанд, ки озодии баён зарар дорад ва ҳамаи даву- този онҳо,ки ба хотири озодӣ карда  мешавад, бенатиҷа хоҳад монд.Наъузамбиллоҳ! Чун дар ин рӯз банда ва устоди ДМТ Илҳомҷон Ҳамидов дар ТВ сари ин масъала сухан гуфта   будем, гумон мекунам, ки ин суханон ба мо равона карда шудааст.   Дар ин барнома (ТВ ”Ҷаҳоннамо”, “Суҳбати рӯз” ) дар бораи озодии  баён  ва истифода аз он   сухан рафта буд. Аммо он ҷо на дар бораи “зарари озодии сухан”, балки зарари суиистифода аз озодии сухан  гуфта шуд, ки воқеан ҳам, зарари ҷуброннопазир дорад. Мутаассифона, озодии сухан барои як зумра ашхоси қаламу микрофон дар даст мисли он аст, ки гӯгирдро ба дасти тифли нодон диҳӣ. Чунин ҳодисаҳоро мо на як бору ду бор дидаем ва дар андешаи худ сари ин масъала содиқ хоҳем монд. Таърихи кишвари мо худ шаҳодат аз он медиҳад ва мисолҳои барҷастаи он  намоиши мустақими кандани ҳайкали Ленин ва “говсуди” Навҷувонов буд, ки ба чӣ оварда расонд ва  ҳамагон оқибати онро дидем. Як муддат дар нашрияҳо таҳрифу дашноми ҳарифон ҷои танқиду таҳлилро гирифт ва ҳоло низ нишонаҳои онро дар баъзе нашрияҳои мустақил мушоҳида кардан мумкин аст.Аммо  оё матбуоти озод воқеан ҳам вуҷуд дорад?Озодӣ аз кӣ? Аз ҳукумат, аз мардум, аз қонун, аз худ ва ё ягон чизи дигар?  Ин саволест,ки пайваста ба он ҷавоб мекобанд ва дар охир ба хулосае меоянд, ки  барои ба  савол ҷавоб ёфтан бояд “заказчик”-и ин озодиро пайдо кард. Русҳо мақоли хубе доранд:”касе пул медиҳад, ҳамон ҳаққи интихоби  мусиқиро  дорад” ва ин ҳамту як сухани оди нест. Розӣ нестед? Биёед, дур намеравем, маъракаи интихоботи президентии Амрико, кишваре, ки худро нигаҳбони демократияи ҷаҳон мегӯяд, бубинем. Аксари кулли нашрияҳои ин кишвар муқобили Трамп ва ҳама ҷонибдори Клинтон. Маълум, ки ҳамаи онҳо аз як марказ, маркази  интихоботии Клинтон ва доираҳои сиёсии Вашингтон  идора ва маблағгузорӣ мешуданд ва танҳо як ТВ ва нусхаи коғазию  сайти он аз Трамп ҳимоя мекарданд.Аммо ин дафъа “заказчик”-ҳо муваффақ нашуданд ва ин муборизаро акнун то “импичмент”-и Трамп ё тағйири сиёсати ӯ, ки рӯз ба рӯз зиддирусӣ мешавад, идома хоҳанд дод.

Дар Русия бошад, матбуоти электронӣ,коғазӣ ва ТВ 98 дар 100 дар хизмати командаи Путин саф бастаанд. Дар дигар кишварҳои демократӣ ҳам ҳамин тавр аст. Бо зӯрӣ, бо маблағ ва  ё бо роҳҳои дигар матбуот пойбанди ин ё он гурӯҳаст. Дар Тоҷикистон агар ёд дошта бошед, як муддат  ба гурӯҳҳо салафӣ барои баёни ақидаашон нашрияҳои мустақил минбар доданд ва қариб буд, ки ҷомеаи динии кишвар ба ду гурӯҳи мухолиф  ҷудо шавад. Магар ин суиистифода аз озодии баён набуд? Пас, маҳаки асосии озодии баён чист? Албатта, шумо мегӯед: ҳимояи  манфиатҳои миллат, беғаразӣ дар баёни ҳодисаҳо, ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои  шаҳрвандон. Бо шумо розиам, ки ҳамин тавр ҳам бояд бошад. Аммо танҳо бояд! Зеро имрӯз шумо ба ман мисоли мушаххасе оварда метавонед, ки сад дар сад навиштаҳоятон, гуфтаҳоятон ва намоишҳоятон ҷавобгӯи ҳамин талаботанд ва дар зераш манфиате, моҷарое ва ё чизи дигаре ниҳон набошад? Пас, ҳамаи он озодиҳое,ки мо мегӯем, ин нисбӣ ва ҳатто  саробе беш нест. Барои расидан ба озодии баёне, ки ба ин талаботҳо ҷавобгӯ бошанд, ҳанӯз хеле вақт ҳаст ва шарти ин озодӣ боз ҳам ҳамон манфиат аст. Барои он ки чунин озодии баён воқеан ҳам амалӣ гардад, бояд нашрия, садою симо ва сомонаҳо манбаи беғарази таъминотӣ дошта бошанд, ки  ин ҳанӯз орзуе беш нест.Дар акси ҳол,  “куртаи худам ба танам наздиктар аст”…

Рӯзи матбуоти озод муборак, ҳамкасбони азиз!

А.АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”

 

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.