Матлуба Қаноат: Буду набуди ҳаётамро ба Муъминшо бахшидам!

Ҳафтаи равон дар шаҳри Душанбе Матлуба Қаноат (Раҳматуллоева), ҳамсари шоири бузурги тоҷик Муъмин Қаноат дар синни 89-солагӣ олами фониро падруд гуфт. Номбурда 61-сол ҳамрозу ғамгусори шоир буд.

Ин суҳбати мо бо ҳамсари устод Муъмин Қаноат — Матлубабону Қаноат (Раҳматуллоева) баҳори соли ҷорӣ сурат гирифта буд. Бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла, ғафлати мо чопи он ба имрӯз расид. Бо вуҷуди ин, ҳар як ҳарфу ҳиҷои ин модари азиз, ки бо шоири бузургтарини миллати мо бештар аз шаст сол якҷо будааст, қадр дорад ва боиси андеша аст.

— Шиносоии аввалини шумо бо устод чӣ гуна сурат гирифта буд?

— Аввалин лаҳзаҳое, ки дар ҳавлии Донишгоҳи давлатӣ шоирро дидам, чун дирӯз дар ёдам аст. Як ҷавони зебову болобаланд, шармгину канораҷӯ ва ҳар замон хаёлӣ буданд. Хулоса, банда мактабро бо медали тилло хатм карда, танҳо рӯзи оғози таҳсил ба дарс омадам. Он рӯз ректор бо ҳама донишҷӯён суҳбат орост. Дар байни онҳо шоир ҳам нишаста будаанд ва намедонистам, ки он кас ба ман таваҷҷуҳ доранд. Баъдтар худашон гуфтанд, ки чашмони маро ҳалқаи зарини ту мерабуд…

— Шеъре ҳаст, ки устод махсус ба Шумо бахшида бошанд?

— Шоир дар гурӯҳи филологҳо ва ман дар гурӯҳи тарҷумонҳо мехондем. Аввалин гурӯҳи тарҷумонҳо дар Тоҷикистон мо будем. Дугона ва ҳамсинфам Саноат, ки ҳамгурӯҳи Муъминшо буд, миёнарави мо – дилдодаҳо «таъйин» шуд. Як рӯз шеъре оварду гуфт, ки фалон шоир, ҳамсабақи мо ба ту бахшидааст. Хондаму ҳайрон шудам. Ин ҳамон шеъри маъруфи «Ҳусн» аст, ки баъдтар чоп шуд:

Мӯй дар пешонаи чун коғазаш

Бо назокатҳо хати зар

мекашад.

Шарм дар рухсораҳои нарми ӯ

Ҳар замон ранги гули тар

мекашад…

Аҷиб, ки шеъру мактубҳо мефиристоданду дар саҳни донишгоҳ ба худам чизе намегуфтанд, маро бинанд аз шарм хиҷолат кашида, раҳашонро дигар мекарданд. Ин хоксориву ҳаё дили пок ва виқори шоирро нишон медоданд.

— Қиссаи ба хостгории шумо одам фиристодани устод чӣ гуна буд?

— Муъминшо аз зодгоҳ ба унвони устодашон Боқӣ Раҳимзода шеърҳои худро мефиристодаанд, яъне бо устод Боқӣ робитаи нағз доштаанд. Аз ин хотир, хостгори шоир шоири бузург Боқӣ шуданд. Падарам, ки як умр омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ва дилбохтаи шеър буданд, рад карда натавонистанд. Ҳамин тавр, риштаҳои сарнавишти мо ба ҳам пайваст.

— Дар рӯзгори якҷоя бо устод чӣ мушкилиҳо ва чӣ талхиву шириниҳоро аз сар гузарондед?

— Қиссаи рӯзгори мо тамомӣ надорад. Биёед, як лаҳзаи ҳассосро нақл кунам, ки шояд шуниданӣ бошад. Ин ба достони машҳури «Сурӯши Сталинград» робита дорад. Ростӣ, ними умр ва тамоми ҷавонии шоир сари ин достон рафт. Вақте рухсатии яксола гирифта, барои ҷамъоварии мавод ба сарзаминҳои ҷангдида рафтанду боз омаданд, мӯи сарашон мошу биринҷ шуда буд. Ҳамон ҷо донистам, ки ҳамагӣ дар як сол ва на бо ғами хеш, балки бо ғами дигарон ҳам пир шудан мумкин будаст. Сар ба зонуи ман монда баъзе аз бахшҳои достонро қироат мекарданду мегиристанд. Шумо намедонед, шоир дар солҳои ҷавонӣ чунон бо эҳсоси баланд ва ҳаяҷон шеър қироат мекарданд, ки кас гумон мекард, ҳозир парвоз мекунанд. Гиряҳои Муъминшоро таҳаммул карда натавониста, ҳамроҳашон ман ҳам мегиристам. Аммо маҳз ҳамин достон ва дастгириву парастории устод Мирзо Турсунзода шоирро обрӯи бисёр бахшид. Ёди он лаҳзаҳо ба хайр бод, акнун шоир куҷо шуд, ки ҳамроҳаш на гириста метавонаму на хандида…

— Ба мо маълум аст, ки устод Муъмин Қаноат ба устод Мирзо Турсунзода эҳтироми махсус доштанд. Дар ин бора каме ҳарф мезадед.

— Эҳтирому самимияти байни ин ду шахс ногуфтанист. Солҳое, ки Муъминшо муовини раиси Иттифоқи нависандагон – Мирзо Турсунзода буданд, аксари корҳоро шоир пеш мебурданд, чунки устод Турсунзода бемор буданд. Гоҳо агар шоир бо ин ё он масъала ба устод Турсунзода занг заданӣ бошанд, соатҳо пеши гӯшии телефон менишастанд. Устодро нороҳат кардан намехостанд. Вақте устод Турсунзода аз олам гузаштанд, чанд моҳ шоир ба худ наомаданд, бо касе суҳбат намекарданд, мо ҳам аз тарс як моҳ телевизору радио намонда будем. Аз шогирдонашон ба Лоиқ меҳри бепоён доштанд. «Лоиқ омад!», — гӯед, мешукуфтанд, чашмашон рӯшан мешуд. Лоиқшо ҳам шоирро бисёр ҳурмат мекард. Ҳамасола 20 май соати 7 саҳар омада, Муъминшоро бо зодрӯзашон табрик мекард. Он рӯз зодрӯзи Лоиқ ҳам буд.

— Медонем, ки шумо солҳо дар моҳномаи маъруфи «Занони Тоҷикистон» (ҳоло «Фирӯза») фаъолият бурда, мақола, ҳатто ҳикояҳои марғуб ҳам навиштаед. Муносибати устод ба фаъолияти кориву эҷодии шумо чӣ гуна буд? Минбаъд кори эҷодиро идома додед?

— Аз куҷо? Ҳама буду набуди ҳаётамро ба шоир бахшидам (механдад). Муъминшо бисёр эрка буданд, аз камтарин беэътиборӣ зуд меранҷиданд. Ҳарчанд ранҷиши худро изҳор намекарданд, аммо аз чашмонашон дарк мекардам. Ҳаргиз гапи сахт намегуфтанд, ҳалиму меҳрубон буданд, аммо вақте аз дар медаромаданд, фазои хона якбора дигар мешуд, салобату сиёсат доштанд. Ба журналистии ман ҳаргиз монеъ набуданд, бо хости дил ҳаётамро ба фарзандон, минбаъд ба наберагон бахшидам. Сиву панҷ сол қалам ба каф нагирифтам. Танҳо чанде пеш бо хоҳиши фарзандон ба навиштани ёддоштҳо сар кардам. Иқрор мешавам, ки журналисти муваффақ набудам, матлабу мақолаҳо ва ҳикояҳои дар журналҳо чопшудаи худро ҷамъ наовардам, ҳама паҳну парешон шуда рафтанд. Агар оянда шумо барин ҷавонон ҷамъ ва гулчин кунанд, ба чопаш шояд розӣ мешудам…

— Гуфтед, ки ёддоштнависиро сар кардаед? Он чиҳоро фаро мегирад?

— Он аз рӯзи аввалини дидор то имрӯзро фаро мегирад. Аз воқеаву саргузаштҳои аҷиб якеаш ин аст: масъули чопи «Занони Тоҷикистон» будаму ба чопхона рафтам. Чопхона дар қарибиҳои «Домпечат» буд. Рафта интизори чоп менишастам, ки русдухтараке даромаду ба бонуи дигар гуфт: «Таня, ман Муъмин Қаноатро мегирам, ту Улуғзодаро». Таня шояд нашунид, ки боз такрор кард: «Ман Муъмин Қаноатро мегирам, ту Улуғзодаро». Дар ҳайрат шудам, изтироби худро каме нигоҳ дошта гуфтам: «Я не отдам вам Каноата». Духтарак боз асабӣ шуд: «Каноат моя!». Ҳамин лаҳза яке аз кормандони нашриёт омаду маро шинохт: «Янга салом, ин ҷо нашастаед?». Баъд ба ҳама рӯ оварда илова кард: «Ин кас — ҳамсари шоир Муъмин Қаноат». Русдухтарак пешам омаду чандин бор узр пурсид ва нақл кард: «Гапам ба маънии он аст, ки ман масъули чопи китоби шоир Муъмин Қаноат ва ҳамкорам масъули чопи китоби Сотим Улуғзода аст. Ҳар қадар китоби бисёрро ба нашр омода кунем, ҳамон қадар ҳаққи қалами хуб мегирем». Якҷоя баланд хандидем.

— Дастхатҳо ва хазинаи китобу колои устод Қаноат дар кадом ҳолат аст?

— Росташ, дар парешонӣ қарор доранд. Чунки шоир як бахши дастхату китобҳоро ба Дарвоз бурданд. Он ҷо хона-музей сохтанд. Дар Душанбе қариб, ки чизи кироӣ намонд. Имрӯзҳо ҳоли хона-музей он қадар хуб нест, кошки ҳамаро боз ба Душанбе меовардем. Ба ҳар ҳол, ин ҷо пойтахт, шаҳри калон, як-ду кас суроғ мекунад.

— Баъди бознишастагии устод ҳолашон чӣ гуна буд? Бавижа, ҷанги шаҳрвандӣ ба рӯҳияи устод чӣ таъсире дошт?

— Зуд-зуд китф дарҳам мекашиданд: «Ман ин ҷангу ҷидола намефаҳамам, баъзе шогирдону ҳамқаламонам, ки дар майдонҳоянд, чӣ мехоҳанд, чӣ ҳадаф доранд, намедонаму намефаҳамам». Дар хона гӯё азодор менишастанд, ба ин ҳама тағйирот ҳайрон буданд. Бо вуҷуди ин, достони «Масъуднома»-ро навиштанд. Ин достон ҳам хеле шуҳрат ёфт. Достони «Бурҷи Шероз»-ро сар кардан, аммо нимкора монд.

— Шумо то вопасин нафас устодро парастор будед, шояд охирин ҳарфашонро ба ёд меоред…

— То охирин лаҳзаҳо хоксориву фурӯтаниро аз даст надоданд. На танҳо ба ман, балки ба ҳама фарзандонашон ба навбат таъкид карда буданд, ки қабри маро аз қабри дигарон баланду бадвоҳима насозед. Хоксорона бошад, болои хоки ман ҳайкал ҳам нагузоред. Як гапашон, ки танҳо ба ман гуфта буданд, ҳеч аз ёд намеравад: «Илоҷаш бошад, шумо гӯед, маро на дар мазори Лучоб, балки ба ягон мазори одӣ баранд, то зиёрат омадани шумо осон шавад. Лучоб баланд, кӣ шуморо то он ҷо бо мошин мебарад…».

Суҳбатнигор

Бузургмеҳри БАҲОДУР

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.