Месси соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин варзишгари сол» гардид

Ҳамлавари аргентинии бошгоҳи “Барселона” — Лионел Месси дар маросими ҷоизасупории “беҳтарин варзишгари сол” соҳиби ҷоизаи Laureus World Sports Awards гардид, хабар медищад ТВ Варзиш.

Гуфта мешавад, ки футболбоз ҷоизаи мазкурро якҷоя бо варзишгари машҳури Британияи Кабир сарнишини Формула-1 Лйюис Хэмилтон соҳиб гардид. Нахустин маротиба дар таърих ҷоизаи мазкурро яку якбора ду варзишгар бо соҳиб шудани овозҳои баробар ба даст оварданд. Барои ба даст овардани “беҳтарин варзишгари сол” инчунин теннисбоз Рафаэл Надал, голфбоз Тайгер Вудс, мотосиклрон Марк Маркес ва варзишгар Элиуд Кипчоге мубориза мебурданд.

Инчунин Месси аввалин футболбозе дар таърихи футбол мебошад, ки ба гирифтани ин ҷоизаи арзишнок даст ёфтааст. «Ман ифтихор мекунам, ки дар дастаам аввалин шуда, ба гирифтани ин ҷоизаи арзишнок даст ёфтам. Ба даст овардани ин ҷоиза бароям як ифтихори бузург аст», — мегуяд Месси.

Дар соли 2019 Месси “Тӯби тиллоӣ”-и шашуми худро ба даст овард, Хэмилтон бошад, маротибаи шашум қаҳрамони Формула -1 гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *