Меъёри ивази кадрҳо дар Агентии мубориза бо коррупсия 3 сол таъин шуд

Эмомалӣ Раҳмон ба Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо фасод дастур додааст, ки тартиби нави ҷойивазкунии роҳбарон дар ин ниҳодро мавриди амал қарор диҳад.

Бар асоси тартиби нав, ҷойивазкунии ҳайати роҳбарикунанда дар Агентӣ як бор дар се сол амалӣ карда мешавад. Зикр шудааст, ки зимни ҷойивазкунӣ розигии корманд талаб карда намешавад.

Ҳадафи ҷойивазкуниҳо тарбияи кадрҳои роҳбарикунанда ва пешгирии амалҳои эҳтимолии коррупсионӣ ва бархӯрди манфиатҳо арзёбӣ шудааст.

Инчунин таъкид шудааст, ки истифодаи зарфияти касбии кормандони Агентии мубориза бо фасод ва иҷрои дастурҳои дорои аҳамияти давлатӣ аз ҳадафҳои дигари тартиби нави ҷойивазкунии роҳбарон дар ин ниҳод мебошад.

Ҷойивазкунии роҳбарон метавонад дар дохили худи Агентӣ ва ё дар сохторҳои дигар амалӣ карда шавад. Илова шудааст, ки интиқол ба мақомҳои баробар бидуни озмун ва бо назардошти малака ва натиҷаҳои корӣ роҳандозӣ мегардад.

Дар тартиби тасдиқкарда таъкид шудааст, ки шаффофият ва беғаразӣ аз меъёрҳои аслии ҷойивазкунии роҳбарон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *