Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мо аз вирус не аз Худо метарсем. Чаро бухороиён аз эмкунӣ даст кашиданд?

Дар кишварҳое, ки эмкунии мавсимӣ ва зиддивирусӣ гузаронида мешавад, хурӯҷи коронавирус ба маротиб кам ба мушоҳида мерасад. Эмкуниро ба Осиёи Марказӣ русҳо оварданд ва нахустин маротиба дар Генерал-губернатории Туркистон эмкунии сартосарии зидди вабо гузаронида шуд.

Дар аксе, ки пешкаши шумо шудааст, як лаҳзаи эмкунӣ инъикос ёфтааст. Ин акс соли 1899 дар деҳаи Анзоби Фалғари Туркистон бардошта шудааст, ки дар он лаҳзаи эмгузаронии табибони рус ба мардуми ин деҳа ба навор гирифта шудааст.

Пеш аз ворид шудани неруҳои Русияи шоҳӣ ба Осиёи Марказӣ чанд экспедитсияи тиббӣ бо роҳбарии табибони беҳтарини Русия ба хонигариҳо фиристода шуд. Баъди омӯзиш маълум шуд, ки аҳолии хонигариҳо на ҳамеша ба талаботи санитарӣ эътибор медиҳанд, махсусан дар истифодаи об онҳо бепарво ҳастанд. Табибони рус дар Бухоро оби ҳавзро гирифта, бо микроскоп ба мардум то чӣ ҳад ифлос буданашро нишон доданд, вале чунин посух шуниданд:

“ Мо бо шумо розӣ нестем. Мо аз об наметарсем, моро Худо нигоҳ медорад. Худованд кай вақт ки хоҳад беморӣ мефиристад ва кай вақт хоҳад, шифо мефиристад.  Ба ин соҳирии шумо бовар надорем, моро фиребу кофар накунед”.

Ҳамин тавр, аморати Бухоро ба эмгузаронӣ розӣ нашуд, лекин аҳолии Туркистон дар охири асри XVIII иҷборан эм карда шуданд. Ин сабаб шуд, ки вабо пешгирӣ шавад.

Ҳоло низ исбот шудааст, ки эмкунии мавсимӣ ва зиддивирусӣ хурӯҷи коронавирусро ба маротиб кам мекунад.

Дмитрий Милосердов

муаррих

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.