Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Модари собиқ вазири фарҳанг даргузашт

Модари собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз олам даргузашт. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дода, роҳбарияти ин ниҳод ба Шамсиддин Орумбекзода ҳамадардӣ баён намудаанд.

“Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар ба собиқ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода нисбати даргузашти МОДАРАШОН ҳамдардии амиқ баён менамоянд”, омадааст дар номаи тасаллият.

Ёдрас мешавем, ки моҳи январи соли 2020, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин Шодибек аз вазифаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромаданаш озод гардид. Ҳоло  Давлатзода Зулфия Давлат роҳбарии ин ниҳодро бар зимма дорад.

Аввали соли ҷорӣ ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар заминаи пурсиши хонандагон дар қатори 10 чеҳраи мавриди таваҷҷуҳ Шамсидддин Орумбекзодаро «Дастрастарин вазири сол» эълон карда буд.

Аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи “Pressa.tj” ба собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бинобар даргузашти МОДАРАШ изҳори тасаллият баён мекунанд. Равони марҳум шод ва хонаи охираташ обод бошад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.