Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Морбача оқибат мор шавад. Амали терористии аъзои ҳизби наҳзати ислом дар Олмон

Шояд қалам ба даст намегирифтам, шояд дар бораи ифлосигариҳои ҲНИ ҳарфе наменавиштам. Вале, ҷинояткории як тӯда наҳзатиёни террорист, ки номи миллатро доғдор карданд, обрӯи мардуми моро дар Аврупо мерезанд, манро ором нишастан намегузорад. Ҷиноятҳояшон дар Тоҷикистон, ки оқибатҳои рӯҳонӣ ва иқтисодии онро мардуми тоҷик бо сад машаққат бартараф мекунанд, бас набуд, ки онҳо дар Аврупо боз хуни тоҷик мерезанд. Дар Аврупо мардуми шарафманди тоҷикро бо Рӯдакӣ, Ибни Сино, Ҷалолиддини Балхӣ, Фирдавсӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода… мешиносанд. Аз рӯзе, ки наҳзатиён дар Олмон қароргоҳ пайдо карданд, тоҷик ҳамчун шабушкриш, фосиқ, танфурӯш ва ҷинояткор муаррафӣ мешавад. Ин наҳзатиён дар Русия ҳам тоҷикро бадном карданд, оқибатҳои равонӣ ва маънавии онро муҳоҷирони бечора мекашанд. Аз онҳо дар Россия бӯи баду номи бад боқӣ монд. Акнун бӯи бадашон дар Аврупо паҳн мешавад, тоҷикро дар Аврупо бадном месозанд.  

Рӯзи 17 феврал сӯиқасд ба ҷони блогери тоҷик Музаффар Бобораҳматов (barada.tj), ки муҳоҷир дар Олмон мебошад, шоҳиди аъмоли бад ва нанговари наҳзатиён аст. Бало бар паси наҳзатиён, онҳо бадном буданд, бадном мемонанд. Аммо бо ин амали нангинашон барои тоҷикон, муҳоҷирон роҳи рафтуомад ба Аврупоро мебанданд.

Ман мухлиси блогер Музаффар (barada.tj) ҳастам. Воқеан баъд аз зиёрати Ватан, пас аз шаш соли муҳоҷират дар Олмон барномаи хубе дар бораи Тоҷикистон омода сохта, дар ютуб каналаш гузоштааст. 16 феврал аъзои фирории ташкилоти экстремистӣ ва террористии «ҲНИ», ки дар Ҷумҳурии Олмон паноҳ мебаранд, ин видеороликро дида, савори аспи ҷаҳл мешаванд. Ҳарчанд ҷоҳил будани онҳо ба касе пӯшида нест. Дар ин замина яке аз аъзои ин ташкилоти террористӣ Орзуев Сулаймон Маҳмадкаримович, писари аъзои раёсати олии ТЭТ «ҲНИ» Орзуев Маҳмадкарим Аврозиқович, дар канали ютубаш «Shef.TJ»  навореро пахш карда, блогери тоҷик Бобораҳматов Музаффарро барои пахши ин навор ва тавсифу таърифи Тоҷикистон дашном карда, нисбати ў суханҳои қабеҳ мегўяд.

Дар ин замина байни Бобораҳматов Музаффар ва Орзуев Сулаймон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу мунозира ба миён меояд.

Бобораҳматов М. дар як навори видеоии дигар дар хитоб ба Орзуев Сулаймон мегўяд, ки таърифу тавсифи Ватан ва меҳанпарастӣ аз гушаи имондорӣ, мардигарии ҳар як мусулмон аст ва ў, чӣ ободиҳоеро дар Тоҷикистон дидааст, ҳамонро ба навор гирифта, як видеоролик омода карда, дар канали ютубиаш гузоштааст. Дар ин раванд блогери тоҷик ба Орзуев Сулаймон хитоб кардааст, ки оё ў матавонад ҳамин дашному тавҳинашро дар рў ба рўи ў бигӯяд ва худаш посух додааст, ки не, наметавонад, чунки наҳзатиён ба монанди саге ҳастанд, ки вақте дар занҷир бастаанд, баланд аккос мезананд, вале агар он сагро аз занҷир кушоӣ, хомӯш мешавад.

Блогери тоҷик Бобораҳматов М. ҳамчунин дар хитоб ба роҳбарон ва аъзои ТЭТ «ҲНИ» мегўяд, ки ў низ дар Олмон зиндагӣ мекунад ва нағз медонад, ки ҳамаи  наҳзатиён аз партовҳои Олмон ғизо мехўранд ва аз ҳисоби 350 еврое, ки Ҳукумати Олмон ба зану фарзандони онҳо медиҳад, зиндагӣ доранд.

Одами оқил гапи ҳақро қабул мекунад, аммо барои ҷоҳил дарро занӣ, девор мекафад. Охир ҳама гапҳояш ҳақиқақатанд, ватанамон гул-гул мешукуфад, ба Дубайи воқеӣ табдил меёбад, иқтисодиёт пеш меравад. Муҳоҷират бозгӯи сатҳи иқтисодиёт нест. Давлатҳои рушдкардаи дунё Ҳиндустон, Чин муҳоҷир доранд. Шумораи муҳоҷирони Ӯзбекистон, Қирғизистон, Белорус, Украина ба маротиб аз Тоҷикистон зиёд аст. Полшае, ки ба лонаи наҳзатиён табдил ёфтааст, чоряки аҳолиаш дар Англия, Олмон, Фаронса, ИМА муҳоҷир мебошанд. Бале, камбудӣ дар Тоҷикистон ҳаст, аммо ислоҳпазир. Худо тинҷию амониро диҳад, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сарамон зинда бошад, ҳамааш олӣ мешавад.  

Сулаймони наҳзатӣ, ки падараш Орзуев Мањмадкарим узви раёсати олии ҳизби наҳзат аст ва дар Австрия бо бадном кардани тоҷикону Тоҷикистон, киссаашро пури евро кардааст, боз ҳам барои бад кардани вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Аврупо пардохтааст. Ӯ, ки тавони бо ақл мубориза бурданро надорад, даст ба террор задааст. Бадбахт, наход дар мусофирӣ даст ба куштори як тоҷики дигар занӣ.

Аз суханони блогери тољик Бобораҳматов Музаффар (barada.tj) фаҳмидам, ки 17 феврал, имон дорам, ки бо супориши ҲНИ аст, барои дар бораи Тоҷикистон воқеиятро гуфтанаш,  Орзуев Сулаймон сӯиқасд ба ҷони ў мекунад. Ӯ, соати қариби 2- и шаб ба хонаи Бобораҳматов Музаффар ба шаҳри Зоест, суроғаи Нидерберҳаймер меояд ва аз ӯ талаб мекунад, ки поён фарояд. Музаффар ҷавонмардиро аз даст намедиҳад ва назди ӯ мефарояд. Дақиқае аз сӯҳбати онҳо нагузашта, бо як мошини тамғаи “БМВ” чор нафари дигар ҳозир мешаванд. Онҳо тарзе дар интернет омадааст, шаҳрвандони Тоҷикистон Маҳмадҷонов Шерзод бо тахаллуси “Абдурањмон 09”, Комрон,  Хуршед ва Беҳруз будаанд. Онҳо “разбор” мекунанд, Музаффарро бо корд ва пистолет таҳдид ва таҳқир мекунанд. Ғавғои сагонаи онҳо сокинони кӯчаи Нидерберҳаймерро ба по мехезонад. Ин манзара, барои олмониҳо бегона буд, хӯю хулқи террористони наҳзатиро намедонистанд. Сокинони ба ваҳшат афтода фавран ба полис хабар медиҳанд. Аз огаҳии полис хабар ёфта, террористони наҳзатӣ ҷониби Музаффар ҳафт маротиба тир меандозанд, чор тири он ба ҷабрдида мерасад. Онҳо ба ин қаноат накарда, Музаффари беҳушро зери лағат мегиранд ва сипас фирор мекунанд.

Сокинони кӯчаи Нидерберҳаймер ба полис тафсилоти ҳодиса ва рақами мошине, ки бо он террористон фирор карда буданд, мегӯянд. Полис ба ҷойи ҳодиса мошини ёрии таъҷилиро даъват мекунад ва Бобораҳматов Музаффарро ба беморхона интиқол медиҳад.

Ҳамон шаб дар натиҷаи ҷустуҷўй полиси  кримминалии шаҳри Соест аъзои гурӯҳи террористии «ҲНИ» Сулаймон Орзуев, Маҳмадҷонов Шерзод-«Абдурахмон 09», Комрон,  Хуршед ва Беҳрӯз, ки дар суроғаҳои Гуммерсбах -29, Кирспе -23, Дюсселдорф -31 ва Ҳаан -24 Ҷумҳурии Олмон зиндагӣ мекарданд, ҳангоми фирор дастгир ва ба идораи полис интиқол дода шуданд. Айни замон террористон дар боздоштгоҳи муваққатии полис мебошанд.

Ин ҳодиса бозгўи амали нангин ва нишондиҳандаи чеҳраи аслии наҳзатиён мебошад. Шунидан кай бувад монади дидан. Акнун ҷомиаи ҷаҳонӣ шоҳиди он гашт, ки ҲНИ ба чи корҳо қодир аст.   

Албатта, бе амри он “султони ҳақи” террористони наҳзатӣ М. Кабирӣ барге аз дарахт намеҷунбанд. Акнун ӯ чӣ гуна ба аъзои террористи худ кӯмак мекарда бошад? Шояд бо пул харад. Аммо ин доғи сиёҳи терристони узви ҳизби наҳзатро бо кадом собун мешуста бошад?

Тахлилгари мустаъқил,

Камолиддин  Каримӣ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.