Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муҳимтарин таҳаввулоти сиёсии Тоҷикистон дар соли 2019

Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Аврупо ва Русия, мулоқоти президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли мушкилоти манотиқи марзӣ, ошӯб дар зиндони Ваҳдат,  ҳамлаи террористон ба дидбонгоҳи “Ишқобод”, қабули Қонуни афв ва эълони интихоботи порлумонӣ аз ҷумла муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсии кишвар дар соли ҷорӣ маҳсуб мешаванд.

Президент аз Аврупо чӣ овард?

Пас аз се сол моҳи ноябри соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари расмӣ вориди ду кишвари Аврупо шуд. Рӯзи 4 ноябр нахуст Президенти Тоҷикистон ба Швейсария сафар карда ва мақомоти ин кишвар роҳҳои тавсеъаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ин давлат дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва фарҳангро баррасӣ кард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 8-уми ноябр дар Қасри Елисейи Париж бо Эммануэл Макрон, президенти Фаронса дидор  ва бино ба иттилои маркази матбуоти Президенти Тоҷикистон, ду тараф «рушди ҳамкориҳо дар бахши тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энержӣ, авиатсияи гражданӣ ва кишоварзиро» баррасӣ кардаанд. Дар поёни дидор раҳбарони ду кишвар панҷ санад, аз ҷумла созишнома дар бораи иртиботи ҳавоиро ба имзо расонданд. Ҳамчунин, Эмомалӣ раҳмон дар Париж бо роҳбари исмоилиёни ҷаҳон Оқохони 4 ва тоҷирону роҳбарони ширкатҳои азими Фаронса ҳам суҳбат дошт. Дар фарҷоми сафараш ба Фаронса Президенти Тоҷикистон дар Форуми Порис, ки иттиҳодияи мустақил ва ғайритиҷоратӣ мебошад, ширкат намуд. Ин форум ҳамасола баргузор мешавад ва ҳадафи он дарёфти роҳҳои ҳалли коҳиши ташаннуҷҳо, таҳкими сулҳ, мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳалли мушкилоти фаромарзӣ, мудирияти муштараки мероси фарҳангии ҷаҳонӣ ва муқовимат бо қаллобии иттилоотӣ ва дигар мавзуъҳо мебошад.  Дар ҳошияи ин ҳамоиш, Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли СММ Антониу Гуттериш, президенти Форуми сулҳи Порис Паскал Ламӣ, раиси ҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон, президенти Кипр Никос Анастасиадес, президенти Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйн мулоқот дошт.

Мулоқоти Эммануэл Макрон бо Эмомалӣ Раҳмон дар Париж

Дар ҷараёни сафараш ба Аврупо Президенти Тоҷикистон дар Сюрихи Швейтсария бо президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флай мулоқот кард. Дар ин дидор, ки бо дархости Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (RFE/RL) дар ҷараёни сафари президенти Тоҷикистон ба Аврупо, сурат гирифт, ду ҷониб вазъ ва шароити кори хабарнигорон ва кормандони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор таъкид дошт, ки  ҳукумати Тоҷикистон «ба масоили озодии матбуот ва таъмини озодии сухан дар кишвар аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва барои фароҳам овардани фазои озод ва муътадил ҷиҳати фаъолияти расонаҳои хабарии маҳаллӣ ва берунӣ кӯшишҳо ба харҷ дода мешавад.» Зимнан, дар остонаи ин дидор Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон корти хабарнигории 7 корманди дафтари Радиои Озодӣ дар гшаҳри Душанберо тамдид кард.

Назари мухталифи Путину Раҳмон дар бораи теъдоди муҳоҷирони тоҷик

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 17 апрел дар поёни мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав аз мизбонии ин кишвар ба беш аз 1 миллион нафар муҳоҷирони тоҷик суҳбат кард ва гуфт, ки дар соли 2018 муҳоҷирони тоҷик ба ватан 2 миллиарду 600 миллион доллар пул мефиристанд. Аммо Президенти Тоҷикистон дар ин нишаст теъдоди муҳоҷирони тоҷикро, ки дар Русия фаъолият мекунанд, 450 ҳазор нафар арзёбӣ кард.

Бино ба гузориши расонаҳои Русия, дар ин мулоқот Владимир Путин аз саҳми муҳими кишвараш дар рушди бахши энержии Тоҷикистон сухан ронда ва дар ин росто аз неругоҳи “Сангтӯда-1” ёдовар шудааст, ки то 10 дар сади эҳтиёҷи Тоҷикистонро ба нерӯи барқ бароварда мекунад. Вай таъкид дошт, ки феълан Русия  имконияти содироти барқи тавлидкардаи ин нерӯгоҳ ба кишварҳои севумро баррасӣ мекунад. Ин изҳороти президенти Русия дар ҳолест, ки «Барқи тоҷик» ягона муштарии барқи ин нерӯгоҳ буда ва қарзаш дар назди ин нерӯгоҳ ба беш аз 1 миллиард сомонӣ расидааст.

Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҷараёни дидори расмии Президенти Тоҷикистон аз Русия 17 санади нав имзо гардид, ки созишномаҳо байни ширкати ТАЛКО ва Бонки ВТБ ва қабули коргарони тоҷик барои кор дар Русия аз ҷумлаи онҳост. Вале коршиносон мегӯянд, ин санадҳо мисли созишномаву ёддоштҳои ду даҳсолаи охир аксаран рӯи коғаз мемонанд, ё замоне иҷро мешаванд, ки барои Маскав зарур аст. Соли гузашта гардиши мол миёни ду кишвар аз марзи 1 миллиард доллар гузаштааст. Тоҷикистон аз Русия умдатан маводи сӯхт мехарад ва ба он кишвар маҳсулоти кишоварзӣ содир мекунад.

Эрону Тоҷикистон: “Яхҳо” об мешавад?

Пас аз ду соли сардии равобит миёни Эрону Тоҷикистон дар авоили моҳи июн Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ ба Теҳрон сафар карда ва бо мақомоти ин кишвар дидору гуфтугӯҳо анҷом дод. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷузъиёти ёддошти тафоҳум бо вазорати корҳои хориҷии Эронро нашр кард, ки дар он гуфта шудааст, ки “Эрон аз пуштибонии Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ даст мекашад.” Дар он гуфта мешавад, ки “дар партави ҳидояту роҳнамоии раҳбарияти олии ду кишвар мушкилоти мавҷуда ба зудӣ рафъ шуда, робитаҳои дуҷониба густариши бештар пайдо хоҳанд кард”.

Сардии равобит миёни Тоҷикистону Эрон дар поёни декабри соли 2015 шуруъ шуд. Мақомоти Тоҷикистон аз он ба хашм омаданд, ки ташаббускорони конфронси байналмилалии “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон раиси Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабириро ба конфронс даъват карданд ва Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ бо ӯ суҳбат дошт. Дар посух ба ин Тоҷикистон ба Эрон ёддошти эътирозӣ фиристод. Дар идома воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ аз Эрон ба Душанбе манъ карда шуд. Баъдтар Тоҷикистон аз додани раводид ба шаҳрвандони Эрон дар фурудгоҳи Душанбе даст кашид ва намояндагии Кумитаи имдоди Имом Ҳумайнӣ – созмони маъруфи хайрияи эронӣ ва дигар муассисаҳои фарҳангиву тиҷоратиро баст.

Вазирони корҳои хориҷии Эрону Тоҷикистон

Президентҳо дидор карданд, вале мухолифатҳо қатъ нашуд

Рӯзҳои 26-28 июл Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков, президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Исфара ва дар Иссиқкӯл масоили марбут мушкилоти марзӣ миёни ин ду кишварро баррасӣ карданд. Чор рӯзе қабл аз ин мулоқот  дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша рух дода ва бар асари он як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 нафар аз ҳарду ҷониб маҷрӯҳ шуданд. Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков ва ҳайатҳои ҳукуматҳои онҳо тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки кори Комиссияҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар ва аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмиёт даровардани сарҳад “машварату музокирот идома меёбад”. Музокироти аломатгузории марзи муштарак, ки баъди касби истиқлоли кишварҳо шурӯъ шуд, то ҳол натиҷа надодааст. Тоҷикистон, тибқи иттилои мақомот, ба дурустии харитаҳои солҳои 1920 ва Қирғизистон ба харитаҳои солҳои 1950-ум такя мекунад ва ҳарду ҷониб ҳам даъвоҳои ҳамсояро беасос меноманд.

Аммо пас аз мулоқоти сатҳи олӣ низоъ дар марз бо нерӯи нав авҷ гирифт. Дар натиҷаи задухӯрд дар рӯзи 16 сентябр се низомии тоҷик ва як марзбони қирғиз кушта шуданд. Ба ҷуз ин аз ҷониби Тоҷикистон 12 низомии дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд ва ҳамчунин занону ду кӯдаки дигар ҳам захмӣ шуданд. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар навбати худ аз захмӣ шудани 13 нафар хабар дод. Муноқишаҳои хурду бузург дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчунон идома дорад.

Сооронбой Ҷеенбеков ва Эмомалӣ Раҳмон

Аз 976 километри сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 400 километр номуайян ё баҳснок боқӣ мемонад ва яке аз ин қитъаҳо Ворух-Оқсой мебошад. Замину чарогоҳу обу дигар захираҳои табиие, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ моли ҳама буд, ҳоло марбут ба яке аз ҷонибҳо шудааст ва ҳарду ҷониб ҳам дар иҷозаву маҳдуд кардани ҳамдигар дар дастрасӣ ба ин сарватҳо худро ҳақ мешуморанд.

Ҳамла ба дидбонгоҳи “Ишқобод”

Ба иттилои маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, шаби 6 ноябр, соати 03:23 гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар ба дидбонгоҳи «Ишқобод» дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ва дар марзи Тоҷикистону Узбекистон  ҳамла кард. Дар ин ҳодиса 15 ҳамлавар ва чанд тан аз нерӯҳои марзбонӣ ва милиса кушта, панҷ ҳамлавар дастгир шудаанд. Мақомот гуфтанд, ки ҳамла кори ҷангҷӯёни гуруҳи ваҳшатафкани «Давлати исломӣ» аст ва ба иттилои расмӣ «онҳо аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон омадаанд». Аммо ҷониби Афғонистон вуруди гурӯҳи мусаллаҳ тавассути қаламравашро рад кард. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 10 декабр, баъд аз ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳамла ба посгоҳи «Ишқобод» занону кӯдакон низ кушта шуданд. Вале теъдоди онҳоро нагуфт. ДОИШ низ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале ҳамчунон фарзия ва гумонзаниҳои дигаре дар ҷомеа ва расонаҳо вуҷуд дорад.

Ҳамла ба дидбонгоҳи марзии “Ишқобод” дар Рӯзи Конститутсия ва ба ҳангоми сафари  Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои Авруп иттифоқ афтод.

Ошӯб дар зиндони Ваҳдат

Шаби 19 май дар зиндони шаҳри Ваҳдат ошӯб рух дод. Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки ин ҳодиса кори дасти афроди гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” аст. Дар ошӯб 32 нафар бо шумули се зиндонбон ба ҳалокат расиданд.Ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат баъд аз ним соли ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷанд сар зад.

Бар пояи изҳороти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон,  аъзои ДИИШ дар оғоз се корманди маҳбас — майор Бурҳониддин Муродов, майор Абдуҷаббор Ҳалимов ва лейтенанти калон Маҳмуд Асоевро бо корд қатл расонида ва сипас аз ҷаримагоҳи ин маҳбас 8 нафар аз маҳбусони дигар, ки ба гуфтаи мақомот, аъзои гурӯҳи «Давлати исломӣ» буданд, озод карданд. Баъдан онҳо 5 нафар аз маҳбусон, аз ҷумла рӯҳонии маъруф Саид Қиёмиддини Ғозӣ, узви зиндонии Раёсати ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ Саттор Каримов маъруф ба «Махсуми Саттор» ва Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба «Шайх Темур»-ро куштанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми аксари муттаҳамон ба ошӯб дар зиндони Ваҳдатро эълон кардааст. Додгоҳ онҳоро ба 16 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва куштор, айбдор дониста  ва 28 нафар зиндониро ба хотири иштирок дар ошӯби зиндони Ваҳдат ба муддатҳои  аз 19 то 29 сол ба ҳабс маҳкум кард.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, гурӯҳи ошӯбгарон, ки дар миёни онҳо асосан маҳкумшудаҳо барои узвият дар созмонҳои ифротӣ ва мамнӯе ба мисли гурӯҳи «Давлати исломӣ» мебошанд, мехостанд аз зиндон фирор кунанд. Вале манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки бадрафторӣ бо зиндониҳо ва поймоли ҳуқуқашон сабаби аслии сар задани ошӯб гардид.

Зимнан, шоми 7 июл чаҳордаҳ маҳбуси зиндонҳои вилояти Суғд ҳини интиқоли 128 нафар маҳкумшуда (120 мард ва 8 зан) ба маҳбасҳои ҷануби Тоҷикистон заҳролуд шуда ва дар муассисаи тафтишотии Душанбе ҷон бохтанд. Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар дод, ки ин гурӯҳи маҳбусон баъд аз истеъмоли нон (хлеб) вазъашон вахим шуда ва дертар ҷон бохтанд. Ҳодиса дар мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб иттифоқ афтодааст. Аммо пизишкони заҳршинос гуфта буданд, ки эҳтимоли заҳролудшавии марговар аз нони куҳна ва таркибаш вайроншуда вуҷуд надорад.

Қонуни нави афв

Бар асоси Қонуни нави афв, дар моҳи октябр аз ҷониби Президент имзо шуда ва дар порлумон тасдиқ гардид, ҳудуди 20 ҳазор нафарро фаро гирифта ва дар маҷмӯъ наздик ба 7 ҳазор нафар аз зиндонҳо озод шуданд. Вале ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, зидди амнияти давлат, зиндониёни якумрӣ, онҳое, ки барои таҳқири намояндаи давлат ва истифодаи зӯроварӣ нисбати онҳо маҳкум шудаанд, ба Қонуни афв шомил нашуданд. Қарор аст, мақомоти дахлдор дар мӯҳлати ду моҳ қонунро пурра татбиқ намоянд.

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон рӯзи 25 октябр зимни муаррифии тарҳи «Қонуни афв» дар Маҷлиси намояндагон гуфт, ки 4 ҳазору 500 нафар, ки ба корҳои ислоҳӣ ва ҷазоҳои ғайризиндонӣ маҳкум шудаанд, афв мешаванд. Наздик ба 7 ҳазор нафар ҳам аз зиндонҳо озод мешаванд ва аз ҷумла, аз 300 зани зиндонӣ 165 тани онҳо ба озодӣ мебароянд. Ӯ ҳамчунин гуфт, он занҳое, ки то 12 сол дар зиндон буданд, сарфи назар аз маҳдудиятҳои қонун, озод хоҳанд гашт. Афв ҳамчунин нисбати ноболиғон, маълулон ва шаҳрвандони хориҷӣ низ татбиқ хоҳад шуд. Бахтовар Сафаров, вакили порлумони Тоҷикистон гуфт, ки фарқияти қонуни афви феълӣ аз қонунҳои қаблӣ ин аст, ки онҳое «гумроҳ» шуда ва дар зери маводҳои дорои вижагии экстремистӣ «лайк» гузоштаанд, низ афв мешаванд. Бар асоси моддаи 307, (иловаи се, қисми 2)-и Кодекси ҷиноятӣ барои  пахши тугмаи «лайк» ва ё «класс» дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз 5 то 8 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Мардони Муҳаммад, “Тоҷикистон”

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.