Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муҳоҷирон зери хок монданд: Мақомот мегӯяд имкони зинда берун оварданашон кам аст

Ду муҳоҷири тоҷик рӯзи 2 июл ҳангоми ҳангоми кандани чоҳ дар вилояти Ленингради Русия бар асари ба болояшон чаппа шудани бораи хок дар зери чоҳи чуқуриаш 7 метр дармондаанд. Дар ин бора портали 78.ru хабар медиҳад

Бино ба иттилои манбаъ зодагони тоҷикистони 30 ва 40 сола унвон мегарданд. Гуфта мешавад, ки ҳодисаи мазкур дар кӯчаи Морская пехотаи деҳаи Пигелевои ноҳияи Ломоносов рух додааст. Ба ҷои ҳодиса наҷотбахшон омадаанд, вале то бегоҳи 2 июл муҳоҷиронро ҳанӯз натавониста буданд, ки берун бикашанд. Раиси ҳавзаи шаҳрии Аннино Дмитрий Ритов гуфтааст, ки имкони зинда берун овардани онҳо хеле ночиз аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.