Мудири “Амонатбонк” аз «илтиҳоби шуш” даргузашт

Тавре иттилоъ дода мешавад, Зариф Ҷӯраев, мудири филиали бонки давлатии «Амонатбонк», дар шаҳри Бӯстон дар синни 47 — солагӣ аз “илтиҳоби шуш” вафот кардааст.

Ҷӯраев дар Бемористони марказии шаҳри Бӯстон аз бемории «илтиҳоби шуш» табобат мегирифт..

Зариф Ҷӯраев, 15 ноябри соли 1973 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи муосири шаҳри Маскав (РОСНОУ) мебошад. Ӯ солҳои зиёд дар шуъбаҳои бонки давлатии амонатгузории кишвар «Амонатбонк» фаъолият намудааст. Аз ҷумла, то соли 2018, мудири филиали «Амонатбонк» дар Хуҷанд буд.

Дар оғози соли 2019, бо фармони сардори Раёсати бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» мудири ин бонк дар вилояти Суғд таъйин шуд ва дар ин мақом ҳудуди ҳашт моҳ фаъолият кард.Аз моҳи феврали соли ҷорӣ, мудири «Амонатбонк» дар шаҳри Бӯстон буд. Онҳое, ки бо Зариф Ҷӯраев ҳамроҳ кор кардаанд, аз ӯ ба унвони як мутахассиси варзидаи соҳаи бонкдорӣ ёд намуда, даргузашти ӯро як талафоти бузург дар «Амонатбонк» арзёбӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *