Муллопрофессори ҷинбарор ба даст афтод

Дар шаҳри Ҳисор муллопрофессори ҷинбароре ба даст афтод, ки занону духтаронро ҷинбаророн мекунам гуфта, нисбаташон ҳаракатҳои ғайриахлоқӣ анҷом медод.

Дар ин бора мардуми водии Ҳисор кайҳо маълумот доштанд, вале ҷуръат намекарданд, ки ба ҷое муроҷиат намоянд. Модарон ва хоҳароне, ки эҳтиёҷ онҳоро ба даргоҳи ин марди фиребгар мебурд, ба доми ин муллопрофессори бадахлоқ гирифтор шуда, дигар аз он раҳоӣ ёфта наметавонистанд.

Ному насаби ин муллопрофессор Раҷабалӣ Саидов аст. Аслан, занони содаю зудбовар ба доми ӯ меафтоданд. Аммо куҷост, ки ҳар бор малахак ҷаҳаду ба даст наафтад. Занони боҷуръате пайдо шуданд, ки ин амали ғайриинсонию ғайримусулмонии ӯро фош намуданд. Ӯ аввал бо суханони нарм ва фиреб, гӯё барои пайдо кардани беморӣ ба тани занон даст мезад ва ба ин восита ба занон дастдарозӣ менамуд. Ӯ ҳамчунин худро муллои бахткушо, ҷинбарор, гарму хунуккунандаи муносибати марду зан нишон медод.

Вақте ки ин амали номатлубашро ба анҷом мерасонд, ба занҳо мегуфт, агар дар куҷое нисбати аъмоли ӯ гап зананд, дасташ дароз аст ва худи онҳо бадном хоҳанд шуд. Хабарнигори oila.tj кӯшиш намуд, ки бо ин муллопрофессоре, ки дом барои занон буду худаш ба дом афтод, ҳамсуҳбат шавад. Вале ӯ айни замон мавриди пурсиш ва таҳқиқ қарор дорад.

Саидов Раҷабалӣ Соҳибович 49-сола (соли таввалудаш 1971), маъруф бо лақаби “муллопрофессор” мебошад. Маҳалли истиқомати ӯ ҷамоати деҳоти Шарораи шаҳри Ҳисор аст. Ӯ аслан муллои ҷинбарор аст ва эҳтимол мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки пайи тадқиқи ин қазия ҳастанд, ӯро низ ҷинбаророн кунанд. Феълан, ӯ дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *