Муниса Ойматова медали тилло гирифт

Муниса Ойматова, таэквондочии ҷавони кишвар дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Кумингёнг (G-1) ба гирифтани медали тилло даст ёфт.

Муниса Ойматова, таэквондочии ҷавони кишвар дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Кумингёнг (G-1) ба гирифтани медали тилло даст ёфт.

Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки мусобиқа (Kimungyong Cup International Open Taekwondo Championships) 14 июл оғоз гардида буд ва имрӯз – 17 июл ба анҷом мерасад.

Ба иттилои раиси Федератсияи таэквондо (WT)-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев Муниса Ойматова дар қувваозмоии вазни 49кг миёни ҷавонон баъд аз чор пирӯзӣ ба гирифтани ҷои аввал мушарраф шуд.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик чанде пеш дар мусобиқаи байналмилалии таэквондо “Chuncheon Korea Open G-2” сазовори 3 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ гардида буданд. Муниса дар он мусобиқа сазовори медали нуқра шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *