Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Нахустнамоиши «12 – соли интизорӣ»

Шоми дирӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон нахустнамоиши мелодрамаи «12 соли интизорӣ»-и коргардон Муҳиддини Музаффар баргузор гардид.

Ин филм аз ҷониби киностудияи «Суғдсинамо» дар ҳамадастӣ бо ТВ «Синамо» ва ширкати «Танин» ба навор гирифта шудааст.

«12 соли интизорӣ»  никоҳҳои барвақтиро маҳкум карда муаммоҳо ва мушкилоти оилаи муосири тоҷикро ба баҳс кашидааст.

Нақшҳои асосии филмро Таҳмина Раҷабова, Моҳпайкар Ёрова, Хуршед Мустафоев, Муҳаммадҷон Шодиев, Муҳаммадалӣ Маҳмадов ва дигарон бозӣ карданд. Дар тавлиди 12 соли интизорӣ ҳамроҳ бо Муҳиддини Музаффар, Далери Имомалӣ, Дилошӯб Орифзода, Осим Орифпур, Наврӯз Саидов, Бахтовар Сафаров саҳм доранд.

Филм аз рӯйи сенарияи Бахтиёр Каримов таҳия гардидааст.

Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» пештар ду филми бадеӣ «Паймон» ва «Коса» — ро ба навор гирифта буд, ки писанди тамошобин гардид. Ҳамчунин филми ҳуҷҷатии «Духтари Сайҳун» доир ба кору зиндагии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона маҳсули ин студия аст.

 

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.