Наргису Тахмина 4072232,77 сомониро тасарруф карданд

Рузиева Наргис Меҳмондӯстовна ва Юсупова Тахмина Ятимовна, ду корманди Вазорати молияи Тоҷикистон бо роҳи сохтакорӣ 4072232,77 сомониро тасарруф намудаанд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар дод.

Тибқи иттилои расида, Наргис Рузиева дар вазифаи сардори шуъбаи муҳосиботи Раёсати корҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истода, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси пешбари ҳамин раёсат Тахмина Юсупова дар давраи солҳои 2018-2020 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ маблағи умумии 4072232,77 сомониро тасарруф намудаанд.

Дар ин асос нисбат ба Рузиева Н.М. ва Юсупова Т.Я. бо моддаҳои 245, қисми 4,  банди «б» ва 323-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *