Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Насимов роҳбари коммунистони Тоҷикистон шуд

Азимҷон Насимов – доктори илми иқтисод – раиси муваққати Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб шудааст. Насимов гуфт, ки анҷумани Ҳизби коммунист тобистони имсол баргузор мешавад ва ӯ то он замон садорати ҳизбро бар ӯҳда хоҳад дошт.

Азимҷон Насимов то ин дам котиби идеологии коммунистҳо буд. Роҳбари собиқи Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков дар моҳи декабри соли 2016 даргузашт. Талбаков ҳамагӣ моҳи июли имсол дар Анҷумани 32-юми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон роҳбари ин ҳизб интихоб шуда буд. Вакилони анҷуман барои роҳбарии Ҳизби коммунист номзадии Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаковро пешниҳод карда, дар як овоздиҳии боз ба тарафдории Шабдолов 22 ва ба ҷонибдории Талбаков 35 раъй доданд.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Саида 05.01.2017 12:55

    Муборак бошад! Умед дорем, ки ин хизби собикадор низ тахти рохбарии Азимчон Насимов бо чонибдори аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат бахри гул-гулшукуфии диёри нозанинамон камари химматро мустахкамтар мебандад.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.