Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Нависандаи тоҷик барандаи “Ситораи Иттиҳод” шуд

Тимур Зулфиқоров, нависандаи русзабони тоҷик, бо Ҷоизаи байнидавлатии “Ситораи Иттиҳод” дар бахши фарҳангу санъат ва ду миллион рубл қадрдонӣ шуд. Дар ин бора котиботи Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узви ИДМ хабар додааст.

Солҳои қабл аз Тоҷикистон рассом Вафо Назаров, шоир Низом Қосим, ҳунарпеша Ибодулло Машрабов, академик Талбак Назаров ва таърихшинос Раҳим Масов барандаи ин ҷоиза гардида буданд.

Дар баробари Зулфиқоров ба феҳрасти барандагони ҷоиза инчунин, чеҳраҳои шинохтаи фарҳанг аз кишварҳои ИДМ – Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Молдова шомил гардиданд. Аз ҷумла ҷоизаи мазкурро нависандаи шинохта аз Русия, Гузел Яхина, муаллифи романи “Зулайхо чашм мекушояд” соҳиб гардидааст. Фаррух Зокиров, овозхону оҳангсоози шинохтаи ӯзбек, роҳбари гуруҳи “Ялла” низ барандаи ҷоиза шуд.
Тибқи анъана маросими эътои ҷоиза дар доираи Анҷумани зиёиёни эҷодию илмӣ баргузор мешавад, ки имсол дар Тошканд дар назар аст.Ҷоизаи мазкур ҳамасола дар се бахш – илму маориф, фарҳангу санъат ва фаъолияти гуманитарӣ тақдим карда мешавад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.