Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Назирмад Мӯсоев даргузашт

Назирмад Мӯсоев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, дар синни 70-солагӣ аз дунё даргузашт.

Ӯ дар филмҳои зиёди замони шуравӣ ва замони истиқлол нақш офаридааст. Ва ҳамзамон яке аз ҳунармандоне буд, ки дар тарҷума ва дуюляжи филмҳои туркӣ саҳмӣ калон дошт. Ҳатто дар як филм ба ҷойи чанд ҳунарманд овоз медод.

Назирмад Мӯсоев, ҳунарманди халқии Тоҷикистон, корманди театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов буд.

Маросими дафни ӯ, имрӯз, 16-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор гашт.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.