Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Нигаронии бостоншинос аз пурра набудани феҳрист

   Раёсати фарҳангӣ вилояти Суғд 725 номгӯи ёдгориҳои фарҳангӣ-таърихии шимолии Тоҷикистонро гирдоварӣ намуда ба вазорати фарҳанги кишвар фиристодааст.
Тасмим ҳаст феҳристи ёргориҳои таърихии Тоҷикистон дар як шакли китоб дарҷ гардад. Аммо бостоншинос, доктори илмҳои таърих Набиҷон Раҳимов нигаронӣ намуд, ки ин феҳрист бозгӯи пурраи ёдгориҳои таърихии    Суғд нест: «Ман ба наздикӣ бо матни ҳамин феҳрист шинос шудам. Мутассифона наҳамаи ёдгориҳои вилояти Суғд ба ин феҳрист ҷой карда нашудаанд. Ман фикри худамро гуфтам, шояд оянда феҳристро пурратар карда омодаи чоп кунанд.»
   Дар вилояти Суғд беш аз 2500 ёдгориҳо, мавзеъҳои фарҳангӣ-таърихӣ мавҷуд аст, ки бино ба гуфти бостоншиносон қисме аз онҳо ҳанӯз ҳам кашф нашудаанд.
                                                                                                                                                          Фарзона Муродӣ

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.