Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Нигаронии донишҷӯён аз вазъияти ҳозира: Дар мо кай таътил эълон мешавад?

Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳои ҷумҳурӣ таътилӣ муваққатии 14 рӯза эълон шуд. Дарс дар макотибҳои олии кишвар бошад, идома дорад. Ин ҳолат ҳамаи донишҷӯёнро нигарон кардааст.

Маврид ба зикр аст, ки бисёртари муҳассилини донишгоҳҳо дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд. Онҳо аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки чаро ба онҳо таътил эълон наменамоянд ва ё агар таътил ҷорӣ шавад, дар хобгоҳ чӣ гуна рӯз мегузаронанд, ҳол он ки дар як хона то чор нафар зиндагӣ мекунанд.

Маҳкамзода Маҳкам, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар хобгоҳи №6 иқомат дорад, дар саҳифаи фейсбукии худ чунин менависад: «Дар ҳоле, ки манъи дарсҳои донишгоҳ эълон нашудааст, алакай бештари донишҷӯён аз баҳри тадриси донишгоҳ баромада, роҳ сӯйи хонаро пеш гирифта истодаанд. Алакай хобгоҳи мо як-як донишҷӯёни худро ба хона гуселонида истодааст. Оқибати ин ба ҳаросафтиҳо чӣ мешуда бошад, номаълум?»

Донишҷӯёне, ки аз ноҳияи дурдаст ҳастанд, роҳ сӯи хона, назди падару модар гирифта истодаанд. Тавре зимни сӯҳбат як донишҷӯ ба сомонаи Pressa.tj иброз дошт, ман аз вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ҳастам, донишҷӯи курси чорум мебошам. Бо хоҳарам иҷоранишинем, баъди дарс дар тарабхона пешхизмат шуда кор мекунам ва бо маблағи ҳамин корам рӯзамонро мегузаронем.

Ҳозир дар ҳарос афтодаам, намедонам чи кор кунам. Ҳамаҷоро дору пошида истодаанд, дар мактабҳо таътил эълон шудааст. Маҷбурам, ки аз баҳри таҳсил гузарам ва ба Бадахшон равам, барои он ки мабодое ба мо ҳам таътил эълон кунанд, ақалан ду рӯз дар инҷо зиндагӣ карда наметавонем. Бе ҳамин ҳам дигар ба кор рафта наметавонам. Аз он метарсам, ки бемор нашавам.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.