Масъулин бемасъулиятанд ё мушкилот назарногир?

Иддае аз омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар вилояти Хатлон аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки сафархарҷии онҳо сари вақт пардохт намешавад. Ин дар ҳолест, ки гузаштан аз курси такмили ихтисос хароҷоти кам надоштааст.

Дигар хоҳиш нест

Маҳмадалӣ, яке аз омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, барои гузаштан аз курси такмили ихтисос омӯзгор хароҷот мекунад.

-Пардохти роҳкиро ва хўрду хӯрок дар ин шабу рӯз, ки нарху наво осмонӣ аст, барои мо осон нест, — афзуд вай. Маблағе, ки мо дар давраи бозомӯзӣ хароҷот мекунем, масъулин пардохт намекунанд. Барои гирифтани сафархарҷӣ барҳо ба роҳбарияти муассиса муроҷиат кардаем. Мутаассифона, бо ҳар сабабе пардохт намешавад. Як моҳи дароз ба шогирдон дарс мегӯем ва бояд маоши мо дар рӯзгорамон масраф шавад, на дар курси такмили ихтисос. Дигар хоҳиши рафтан ба ҳамин курсҳо намондааст,- бо таассуф таъкид кард вай. 

Муҳаммадҷон Шарипов, директори филиали донишкадаи такмили ихтисос

Хароҷот: роҳкиро, ҷойи хоб, хўрду хӯрок…

Муҳаммадҷон Шарипов, директори филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, гуфт, ки пардохти сафархарҷии омӯзгор ба зиммаи мақомоти маҳаллӣ аст. Он маблағе, ки омӯзгорон барои бозомӯзӣ хароҷот мекунанд пурра пардохт намешавад. Дар ин бора худи онҳо шикоят мекунанд ва илова кард, ки соли 2020 ба унвонии раисони ноҳияҳо мактуб ирсол кардем. Вале мушкил ҳамоно пурра бартараф нашудааст.

“Омӯзгор дар вақти бозомӯзӣ бо пардохти панҷ сомонӣ барои як шабонарӯз дар хобгоҳи донишгоҳ меистад. Роҳкиро ва хӯрду хӯрок ҳам бе хароҷот намешавад. Бояд масъулин сари вақт сафархарҷии омӯзгорро пардохт кунанд”.

Сайфулло Лутфуллоев, муовини сардори Раёсати маориф дар Хатлон

Омӯзгорон шикоят карданд

Дар нишасти матбуотии Раёсати маориф дар вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, Сайфулло Лутфуллоев, муовини сардори ин ниҳод иддао кард, ки баъзе омӯзгорон аз пардохт нашудани сафархарҷӣ шикоят карданд. Мо ба раисони ноҳияҳо мактуб кардем. Вале ҳанӯз ин масъала ҳали худро наёфтааст,-таъкид кард вай

—Дар вилоят нақшаи фарогирии омӯзгорон ба бозомӯзӣ барзиёд иҷро шудааст. Вале дар ноҳияҳои Шаҳритус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Панҷ, Ҷайҳун, Темурмалик, Балҷувон ва Ховалинг иҷроиши ин нақша нокифоя аст. Сабаб ин напардохтани сафархарҷӣ аст.

Борҳо ба раис муроҷиат кардем. Вале…

Эмом Носиров, мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ дар суҳбат бо рӯзномаи “Тоҷикистон” гуфт, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 241 омӯзгор аз курси такмили ихтисос гузаштааст. Ӯ бо нигаронӣ афзуд, нақшаи бозомӯзӣ пурра иҷро нагардид. Зеро сафархарҷии омӯзгорон сари вақт пардохт намешавад.

Масъулини Раёсати молия мегӯянд, ки фақат иҷозати пардохти маош асту халос. Дигар ягон пардохт ба нақша гирифта нашудааст.  Дар ин бора борҳо ба раиси ноҳия муроҷиат кардем. Онҳо сардори Раёсати молияро супориш додаанд. Гӯё тибқи иттилои Раёсат дар моддаҳои мавҷуда иҷозати ҷудо кардани маблағ нест.

Абдулло Сафарзода, сардори Раёсати молияи н. Панҷ

Пардохти қарз ба ҷойи сафархарҷӣ

Сафарзода Абдулло, сардори Раёсати молияи ноҳияи Панҷ мегӯяд, ки дар соли 2021 наздики 200 ҳазор сомонӣ ба ин мақсад пешбинӣ шудааст. Вале дар нуҳ моҳ ҳамагӣ ҳафт ҳазор сомонӣ пардохт шудаасту халос.

“Барои пардохти музди меҳнат соли 2020 аз Вазорати молияи кишвар 4-миллион сомонӣ қарз гирифтаем. Қарзи кутоҳмуддат дар ду сол бояд баргардонда шавад. Агар қисми даромад барзиёд иҷро шавад, шояд то охири сол боқимондаро пардохт кунем. Омӯзгорон муроҷиат мекунанд, ки  сафархарҷии солҳои пеш низ пурра пардохт нашудааст”.

Саидзода Ҷамшед, раиси ноҳияи Ёвон

Раис: ман намедонам

Саидзода Ҷамшед, раиси ноҳияи Ёвон дар нишасти матбуотии хеш, ки рӯзи 30 июли соли 2021, баргузор гардид гуфт, дар ин масъала шахсан ба ман касе муроҷиат накардааст. “Соли 2020 хароҷоти дувум дараҷа кам шуданд. Зиёда аз 10-миллион сомонӣ аз қисми хароҷоти буҷет кам карданд. Вале мумкин ҳамин масъулини молия чунин (сафархарҷии омӯзгоронро надодаанд). Ман намедонам”.

Абдуғиёс Боев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон бошад афзуд, ки сафархарҷии омӯзгоронро аз тарафи буҷети маҳаллӣ пардохт карда истодааст. 

Аммо дар ҳамин ҳол Асадулло Бекназаров, намояндаи Раёсати молияи ноҳия гуфт, соли 2020 аз сабаби бемории каронавирус сафархарҷӣ тамоман пардохт нашудааст. Имсол бошад пардохт карда истодаем,-гуфт вай.

Худдорӣ аз суҳбат

Барои суҳбат дар мавзӯи мазкур хостем бо Сомонзода Давлат, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун суҳбат кунем. Аммо бо баҳонаи вақт надорам ва бояд фавран ба маҷлис равам, аз суҳбат худдорӣ кард. Ин бори аввал нест, ки Сомонзода Давлат бо мо суҳбат намекунад.

Агар масъулин дар пардохти сафархарҷии омӯзгорон таъхир кунанд, пас табиист, ки нақшаи фарогирии онҳо ба курсҳои такмили ихтисос пурра иҷро намешавад. Мутассифона, аз ҷониби дигар аксари омӯзгорон аз омӯзиш дур мемонанд. Оё масъулон бемасъулиятанд ё мушкилот назарногир аст?

Машраби Аловиддин,

“Тоҷикистон”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.