Нияти намози нафл чи гуна аст?

Нияти намозҳои таҳияи вузӯ, масҷид, таҳаҷҷуд, чошт, аввобин, тасбеҳ ва ғайра чӣ гуна аст? Дар баъзе ҷо мехонӣ, ки кадом намоз набошад, номи ҳамон намозро гирифта, ният мекунӣ (мисол намози тасбеҳ), дар баъзе ҷо мехонӣ, ки ният кардам фалон ракъат намози нафл гуфтан лозим аст. Бисёр хоҳишмандам ба  ин саволи банда бо далелҳо ҷавоб диҳед!

Абдуллоҳ Рафиева  

Посух

Ҳамаи намозҳои нофиларо ба нияти нафл гузоридан, бидуни таъини онҳо кифоя мекунад. Дар китоби “Мухтасарул-виқоя” меорад: “Барои намозҳои ғайри фарз ва воҷиб нияти мутлақи намоз кифоя аст”. Азбаски дар аҳодис намози чошт ё намози тасбеҳ омадааст, беҳтар аст, ки одами нияти ибодат дошта навъи намозро муайян кунад, масалан гӯяд, ки “намози чошт” ё “намози таҳияти масҷид” ва ғайра. Дар ҳар сурат намозаш бидуни кароҳат адо мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *