Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ноболиғи 12 сола модару бародаронашро кушта, оташ задааст

Воҳидова М як ноболиғи 12 солаи сокини шаҳри Ҳисор модар ва ду бародари угаяшро кушта, барои пинҳон доштани иззи ҷиноят ҷасадҳоро бо хона оташ задааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар иттилоияи Додситонии кулл гуфта мешавад, ки ноболиғ Воҳидов М, сокини шаҳри Ҳисор 12 декабри соли гузашта модараш Воҳидова М. ва ду бародари угаяшро кушта, барои пинҳон доштани изи ҷиноят манзилро оташ задааст.

Ба гуфта мақомот, Воҳидов ба он хотир ин корро кардааст, ки модараш бо ӯ муносибати дағал дошта, бародарони угаяшро бештар дӯстдорӣ мекардааст. Ноболиғи муттаҳам ба куштори модар дар оилаи падарандар зиндагӣ мекардааст.

«Дар давоми зиндагии якҷоя модараш Воҳидова М.Ҳ. нисбати ноболиғ Воҳидов М.А. муносибати дағалона дошта, ӯро бештар дар иҷро намудани корҳои хоҷагӣ истифода намуда, фарзандони хурдсолаш Атоев Ю.А. ва Атоев Ё.А.-ро нисбат ба ӯ бештар дустдорӣ карда, дар ин замина рашку хусумати ноболиғ Воҳидов М.А.-ро ба худ пайдо кардааст,»-менависад манбаъ.

Мақомот гуфтанд, Додгоҳи шаҳри Ҳисор ноболиғ Воҳидов М-ро бо иттиҳоми куштори беш аз ду нафар бо бераҳматии махсус гунаҳкор донистааст. Бар асоси қарори додгоҳ Воҳидов М, даҳ сол дар колонияи тарбиявии дорои низоми умумӣ адои ҷазо мекунад. Додситонии кулл мегӯяд, барои ноболиғ «ҷазои баландтарин» аст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.