Носкашҳо корона намешаванд?

Стоп! Минбаъд кӯшиш накунед, ки тамокуро сабабгори ҳамаи бемориҳои инсон гуфта, ӯро аз зиндагии мо персонаи “нон грат” эълон намоед! Далел лозим?

Марҳамат, “ТУТ олимон, муҳаққиқон ва васоити ахбори оммаро даъват мекунад, ки аз ин масъала ҳазар кунанд ва аз такрори даъвоҳои исботнашуда, ки тамоку ё никотин метавонад хатари COVID-19-ро коҳиш диҳад, худдорӣ кунанд”. Агар ТУТ гуфта бошад, пас исбот шудааст,ки чунин аст. Охир ҳамин ТУТ набуд,ки аввал COVID -19 ро эпидемия гуфт, баъд пандемия  эълон намуд ва баъд гуфт,ки агар либоси ҳимоявӣ напӯшӣ, аз ҳамаи сӯрохиҳои бадан вирус  медарояду дар як муддати кӯтоҳ даб — далаи организмро мебарорад. Дурӯғ баромад — ку…

Ҳоло мардум агар зиёд ҳавсала кунанд, танҳо ба тумшуқи худ ягон пора матоъро мебанданду  бо ҳамин худро аз корона ҳифзшуда меҳисобанд ва сиҳату саломат гаштаанд. Дар як сол дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна зиёда аз 650 ҳазор нафар аз бемориҳои грипп ва монанд ба он мефавтанд. Аз оғози “маъракаи коронавирус” ҳам пас аз як муддат  як сол сипарӣ мешавад ва  шумораи фавтидагон қариб,ки баробаранд.

Ҳол он ки ҳар як фавтидаро  дона ба дона аз ин беморӣ ҳисоб мекунанду он  бемореро ҳам, ки дар ин давра  бо аҷали худ мурдааст, “аз корона мурд” мегӯянд. Аммо фавтидагон аз гриппи одиро бошад (“Одам аз грипп ҳам мемурдааст — мӣ?”) бештар ба дигар бемориҳо нисбат медиҳанд. Боз шумо мегӯед,ки тамоку садди роҳи корона намешавад. Мешудааст,ба ҳар ҳол, то ҷое,ки ман медонам, то имрӯз ягон носкаш ва  ё сигоркашеро нашунадаам, ки аз корона мурда бошад. Агар маълумоти тиббӣ медоштам, ҳатман ин масъаларо пайгирӣ мекардам ва дурустӣ ё нодурустии ақидаи болоро месанҷидам. Аммо ҳоло бовар дорам,ки носу сигор садди роҳи корона мешаванд. Дар даҳони носкаш вирус он тараф  истад, деви сиёҳ ҳам мемурад, агар аз ягон сӯрохии дигар надарояд…Бо далели қатъӣ мегӯям, агар носу сигор  одамро,ки нисбат ба вирус миллионҳо маротиба пурқуввату бузургҷусса  аст, кушад,  пас магар зӯраш ба як вирусча намерасад? Канӣ мантиқ? 

А.АҲМАДЗОДА  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *