Нозияи Кароматулло: Дар асри XXI маргу мир аз сил боиси шарм аст

Дар асри пешрафти илму техника бемории пурра табобатшавандаи сил  боиси азобу машаққат ва марги одамон мегардад, барои аҳли башар бояд шармовар бошад.

Ду рӯзе қабл Нозияи Кароматулло, сарояндаи пуровозаи тоҷик ва Сафири мубориза бо бемории  сил, зимни суханронӣ дар 50-умин Конфронси байналмилалӣ дар бораи солимии шуш таъкид намуд: «Агар нафаре ба сил гирифтор шудааст, набояд аз ин ташхисаш шарму хиҷолат бикашад, зеро ин танҳо як беморист ва он ҳам табобатшаванда. Фақат мебояд сари вақт табобатро оғоз намуда, онро пурра паси сар намояд.»

Ҳамчунин, ӯ дар идомаи суҳбаташ аз баргузоркунандагони конфронс ва ҳамкории босамари “Stop TB Partnership” ибрози сипос намуда, аз фаъолияти «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» иттилоъ дод.

 «Мо дар якҷоягӣ бо дигар ҳунармандону чеҳраҳои маъруфу маҳбуби кишварамон дастае бо номи “Қаҳрамонони мо: НЕСТ БОД СИЛ” ташкил кардаем ва дар самти мубориза бо бемории сил корҳои назаррасеро анҷом дода истодаем. Мо боварӣ дорем, ки бо талошу маҳорати худ, баланд бардоштани сатҳи огоҳинокии аҳолӣ дар бораи сил, рафъи доғгузорӣ ба шахсони бемор ва ташвиқу тарғиби ғамхориву эҳсонкорӣ ба шахсони аз бемории сил осебдида ватани худро аз сил пок месозем.»-  гуфт Нозияи Кароматулло.

Қабл аз сафар ба конфронси байналмилалӣ Нозия дар конфронсу нишастҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ иштирок карда, бо шахсони аз сил осебдида мулоқот дошт. Ӯ бар ин ақида аст, ки савту наво низ метавонад қалби одамонро нармтар ва доғгузориву табъизро аз дили онҳо дур кунад.

«Кӯшиш мекунам, бо садову таронаҳоям доғгузориро миёни ҷомеа кам бикунам, то дар барҳам додани бемории сил дар Ватани азизам саҳми худро гузорам», — гуфт дар поёни суҳбаташ.

50-умин Конфронси ҷаҳонии солимии шуш тӯли 3 рӯз дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон баргузор шуд, ки яке аз ҳадафҳои он —  боздошти ниҳоии омилҳо ва паёмадҳои бемории сил буд. Хотиррасон мешавем, ки Конфронси мазкур бо ибтикори Иттиҳоди байналмилалии мубориза бо бемории сил ва бемориҳои шуш (Иттиҳод) баргузор гардид.

Шаҳноз Комилзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *