Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Нуруллоҳ Лоиқ: Ба Дилшод Назаров стипендияи якумрӣ дода шавад

Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, узви кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба Ассамблеяи генералии Кумита пешниҳод намуданист, ки ба Чемпиони олимпӣ Дилшод Назаров дар  ҳаҷми 500 доллари амрикоӣ   стипендия таъин карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, ин стипендия ба Дилшод бояд “барои хизматҳои шоёнаш дар рушди варзиши кишвар” дода шавад.

Лоиқов афзудааст, ки Ассамблея ин пешниҳодро ба овоздиҳӣ хоҳад гузошт ва дар сурати дастгирӣ ёфтан, Дилшод Назаров ҳар моҳ 500 доллар дарёфт мекунад.

Дилшод Назаров дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Рио-де-Жанейрогурзро ба масофаи 78.68 метр партоб кард, ки нишондиҳандаи беҳтарини ин сабқат буд. Ӯ аз миёни ҳафт варзишгари тоҷик, ки ба Рио роҳхат гирифтанд, танҳо нафаре буд, ки нишони тиллоии олимпиро ба гардан овехт. Намояндаҳои дигари Тоҷикистон дар марҳилаҳои интихобӣ ноком шуданд.

Таҳияи Э. Назаров

 

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.