Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Нусхаи падар. Муҳаммадрафӣ Кароматулло зодрӯз дорад

Муҳаммадрафӣ Кароматулло фарзанди овозхони машҳури тоҷик марҳум Кароматулло Қурбон имрӯз зодрӯз дорад.

Муҳаммадрафӣ Кароматулло соли 1986 дар оилаи овозхони номдори тоҷик Кароматуллоҳи Қурбон ба дунё омадааст. Шӯҳрати ин овозхони хушсалиқа аз соли 2010 дар байни мардуми суруддӯст баланд шудааст.

Ҳунарнамоиҳои Муҳаммадрафӣ Кароматулло дар телевизиону радиоҳои ватанӣ маҳбуб шуд ва мардум сурудҳои ин ҳунармандро бо шавқи зиёд гӯш мекарданд.

Муҳаммадрафӣ ҳамагӣ шаш сол дошт, ки падари овозадорашро қотили бадноме кушт. Ва имрӯз бошад ин фарзанди номбардор роҳи падарро идома дода истодааст.

Муҳаммадрафӣ Кароматулло устоди худро дар ин самт падари бузургвораш меномад. Фарзандони ин ҳунарманди нотакрор тайи чанд соли ахир пайи ҳам ба хотири бузургдошти падар барномаи консертӣ баргузор мекунанд.

Ин ҳунармани ҷавон ҳунари бастакори низ дошта, сурудҳои худашро низ ба оҳанг медарорад. Дар як мусоҳибае ин овозхони маъруф мегӯяд “Оҳангофарӣ аслан бароям меросист. Ману Нозия ва бародари хурдиямон Муҳаммадсахӣ низ дар мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова таҳсил кардаем. Ҳамчунин ман дар Консерваторияи миллӣ низ муддати панҷ сол омӯзиш дидаам”.

Таҳияи

Уғулой Қутбиддинзода

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.