Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

ОИЛАИ КАМОЛОВҲО БА КИТОБИ РЕКОРДҲОИ РОССИЯ ДОХИЛ ШУД

Сарояндагон Ҳасан, Шероз ва Паричеҳраи Камол баъди иштирок дар онлайн-озмуни ҷаҳонӣ, ки бахшида ба Рӯзи Ғалаба роҳандозӣ гардида буд, соҳиби сертификати “Китоби рекордҳои Руссия” гардиданд.

Ин дастовардро сармуҳаррири “Китоби рекордҳои Руссия” С.А.Кониенко барои иҷрои композитсияи В.Харитонов ва Д.Турманов –“Рӯзи Ғалаба” ба оилаи Камолҳо тақдим намуд.

Хотирасон мекунем, ки дар ин сабқати сатҳи ҷаҳонӣ 12 ҳазору 456 нафар довталаб иштирок намуда, макони баргузорӣ шаҳри Масква интихоб шудааст.

Ҳасани Камол ва фарзандонаш баъди ба “Китоби рекордҳои Руссия” ворид шудан, нуфузи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмиллалӣ боз ҳам баланд бардоштаанд.
Амони МУҲАММАД

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.