Олиҳаи Юнони Қадим — Деметра дар Исфара

Соли гузашта аз ҳавлии сокини деҳаи Чилгазии Исфара Ҷумъабой Рӯзиев, ки дар паҳлуи МТМУ № 37 ҷойгир аст, аснои корҳои сохтмонӣ ҳайкалчае ёфт шуд.

Аз ин ҳодиса яке аз шогирдонамон Ҳайдарбой Ғозиев бохабар гашта, онро назди ман овард. Ҳайкал тахминан 30-35 сантиметр баландӣ дошт. Муҷассама дар ҳолати ба сутун такя кардан сохта шудаву пойҳояш болои ҳам кандакорӣ шуда буд. Дар болои пойҳояш сабади пур аз меваҷот меистод. Мутаассифона, ҳар ду пой аз зону (шояд бо мурури замон) шикастааст.

Баъди муоина маълум гашт, ки дар танаш аз матои ҳарир курта дораду симояш зебо ва дилкаш ба назар мерасад. Ҳайкал бо усули ба қолаб рехтагарӣ кардан аз омехтаҳои мармару гаҷ сохта шудааст. Ҷойи пайвастшавии қолибҳо баръало ба назар мерасад. Тахмин кардам, ки ҳайкал ба аҳди давраи Искандари Македонӣ мутааллиқ аст.

Аз ин бозёфт директори кулли осорхонаҳои Исфара, шахси боғайрат ва таърихшиноси асил Абдуманнон Рауфовро бохабар намудем. Он кас баъди ташриф ҳайкалро аз назар гузаронида, ба ҳайрат афтоданд. Дар навбати хеш аз бозёфти нодир мудири кафедраи бостоншиносӣ ва мардумшиносии Донишгоҳи давлатии Ҳуҷанд, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор, доктори илмҳои таърих, ҳамшаҳриамон Набиҷон Раҳимовро бохабар намуданд.

Бояд гуфт, ки барои Набиҷон Раҳимов деҳаи Чилгазӣ хуб шинос аст. Соли 1989 он кас ба деҳа ташриф оварда, ҳамроҳи ман ду рӯз дар кофтуковҳои бостоншиносӣ иштирок ва ба ман кумаки зиёд расониданд, ки басо миннатдорам. Он солҳо Н. Раҳимов унвонҷӯ буданд. Баробари шунидани хабари тоза он кас  ба Исфара ташриф оварданд. Н. Раҳимов ва А. Рауфов зуд ба осорхонаи МТМУ №36 омада, ҳайкалро ҳаматарафа омӯхтанд, расмашро гирифтанд ва гуфтанд, ки маро аз натиҷаи омӯзиш бохабар месозанд.

Хушбахтона, дирӯз ба воситаи телефон маро аз хулосаҳои олимон огоҳ намуданд. Маълум шудааст, ки он ҳайкали олиҳа Деметра, зани худои худоёни юнониёни қадим Зевс мебошад, ки духтараш Персефона олиҳаи дунёи зеризаминӣ будааст.

Деметра олиҳаи сабзиш, ҳосил, ҳомии кӯдакони навзод ва табобати юнониёни қадим буд. Ҳайкал ба асрҳои V-IV пеш аз милод мутааллиқ аст. Тахмин меравад ки онро лашкариёни Искандари Мақдунӣ овардаанду ба давраи классикии маданияти Юнони қадим вобастагӣ дорад.

Олимон тамаддуни Юнони қадимро ба се давра тақсим мекунанд:

1. Давраи археистӣ (қадим) аз соли 800 то 480-и пеш аз милод.

2. Аз соли 480 то 323 то милод давраи классикист, ки айёми гулгулшукуфӣ ва тараққиёт мебошад ва онро “Асри тиллоӣ “ ҳам мегӯянд.

3. Давраи эллинӣ аз соли 323 то 100-и то милод.

Бозёфти мо ба давраи “Асри тиллоӣ “ марбут будааст.

Ҳамин тавр, дар ошкор сохтани таърихи деҳаи бостонии Чилгазӣ боз як қадаме ба пеш гузошта шуду он ба 2500 сол наздик гардид.

Ман ба Набиҷон Раҳимов, Абдуманнон Рауфов, сокинони деҳа Ҷумъабой Рӯзиеву Ҳайдарбой Ғозиев ташаккур мегӯям, ки амали хайреро анҷом доданд. Бояд гуфт, ки ба ташкили осорхонаи МТМУ №36 расо 45 сол пур шуд. Он 7 маротиба дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, як маротиба умумииттифоқӣ, ки дар шаҳри Владивосток доир гашт, сазовори ҷойи дуюм шудааст. Дорои қариб 3000 нигора мебошад. Мутаассифона, ҳоли осорхонаи мактабӣ имрӯз басо хароб аст. Хуб мешуд, ки масъулон дар ин маврид ба он дасти кумак дароз мекарданд. Бо гузашти вақт вазъ боз ҳам душвортару нигаҳдории нигораҳо, ки бо заҳмати зиёд гирд оварда шудааст, ғайриимкон шуданаш аз эҳтимол дур нест.

Каримҷон ҲАМРОЕВ,

роҳбари осорхонаи МТМУ №36

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *