Падари 77 сола дар Рашт писари 41 солаашро корд зад

Як марди солманд соати 17:30 дақиқаи 16 сентябр ҳангоми муноқиша писари 41-солаашро бо корд ба шикамаш задааст. Дар натиҷа писараш дар беморхона бистарӣ аст ва падари пирро барои чунин рафтораш аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Марди 77-сола дар расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба писари 41-солааш гумонбар мешавад

Дар натиҷаи чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 77-солаи сокини деҳаи Ниширеони ноҳияи Раштро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карданд.

Гумонбар, 16 сентябри соли 2021, тахминан соати 17:30 бо писари 41-солааш муноқиша карда, ба шиками ӯ корд задааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Аз рӯи ин далел тибқи моддаи модаи 110 қ.1 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.Аз рӯи модаи мазкури Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтишот идома дорад.

Ҷавони 18 сола қотили марди 20 сола

Як сокини 18-солаи шаҳри Душанбе ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони куштор дастгир карда шуд.

Гумонбаршуда, 18 сентябри соли 2021, тахминан соати 21:50, дар наздикии маркази савдои шаҳри Душанбе, бо ангезаҳои авбошӣ, бо корди ошхона дар тарафи рости меъдаи сокини 20-солаи пойтахт  корд задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида аз  захми корд дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи далели мазкур тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *