Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Пайкараи Абдуллоҷон Исҳоқӣ гум шуд?

Пас аз таҷлили 5500 — солагии Саразми бостонӣ дар зеҳни иштирокчиёни ҷашнвора ва тамошобинони телевизион як суол пайдо шуд, ки чаро номи нахусткашшофи Саразм Абдуллоҷон Исҳоқӣ ба фаромӯшӣ рафт ва нимпайкараи ин бостоншиноси номвар, ки қаблан гузошта шуда буд, ғайб зад?

Таскина Яҳёева набераи Абдуллоҷон Исҳоқӣ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки нимпайкараи бобояш ба таври номаълум аз Саразм ғайб задааст. “Нимпайкараи бобоямро бо ҳар гуна баҳона гирифтанд ва ба фикрам мо дигар онро намебинем”- навиштааст, ӯ дар “Ғacebook”.

Ин навиштаи ӯ боиси сар задани баҳсҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Барои посух гирифтан ба ин суол мо ба директори Пойгоҳи бостоншиносии Саразми Панҷакент Норинисо Худоёрова телефонӣ суҳбат кардем. Номбурда дар посух ба ин баҳсҳо гуфт:

-Номи Абдуллоҷон Исҳоқӣ, нахусткашшофи Саразм фаромӯш нашудааст ва нахоҳад шуд. Зимни суханронии хеш Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз хизматҳои Абдуллоҷон Исҳоқӣ бевосита ёдовар шуданд. Дар арафаи ҷашн бошад, дар мавриди эшон даҳҳо мақола дар расонаҳо чоп шуд. Худи ман дар симпозиум дар бораи саҳми эшон дар шинохти Саразм маърӯза кардам ва дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар мавриди он кас мақола навишта, чоп кардам. Дар мавриди нимпайкараи Абдуллоҷон Исҳоқӣ. Нипайкара гум нашудааст ва он дар саҳни Осорхонаи Саразм гузошта мешавад. Ин нимпайкара феълан дар ҳоли тармиму бозсозӣ аст ва рӯзҳои наздик парда аз рӯи он бардошта мешавад.

С. Сомон   

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.