Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Парвандаи марги Умаралиро бастанд

Дар Санкт-Петербурги Русия таҳқиқи марги Умаралӣ Назарови панҷмоҳа, ба далели мавҷуд набудани таркиби ҷиноят қатъ шудааст. Дар ин бора Раёсати тафтишотии Петербург хабар медиҳад.

“Тафтишот дар рафтори кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷират сӯистифода аз мақоми хизматӣ ва ё берун рафтан аз доираи масъулиятҳояшонро ошкор накардааст. Далели марги Умаралӣ аз рӯи беэҳтиётӣ тасдиқ нашудааст”, – омадааст дар хабари Раёсати тафтишотӣ.

Тибқи хулосаи ташхиси тиббӣ, Умаралӣ аз уфунати ситомегаловирус ва парагрипп вафот кардааст. Ба далели ин беморӣ ва авҷ гирифтани он тифли муҳоҷири тоҷик ба дарди дилу гурда гирифтор шуда, ки дар натиҷа боиси маргаш шудааст.

13 октябри соли 2015 бо гумони вайрон кардани қоидаҳои буду бош пулиси Санкт-Петербург шаҳрвандони Тоҷикистон Далер Назаров ва Зарина Юнусовро боздошт кард. Ба гуфтаи ҷуфти муҳоҷир, онҳоро ба боздоштгоҳи муваққатӣ бурда ва Умаралии панҷмоҳаро аз онҳо ва модаркалонаш ҷудо карданд. Шаби 14 октябр Умаралӣ вафот кард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.