Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Паёми хонум Сезин Синаноглу бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон

Ман хушҳол аз онам, ки паёми аввалини худро ба ҳайси Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон бахшида ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон иброз менамоям.

Мақсадҳои муштараки мо оиди хотима бахшидан ба камбизоатӣ, эмин нигоҳ доштани сайёра ва бунёд намудани ҷаҳони осоишта танҳо тавассути таъмини баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон ва духтарон дастрас шуда метавонад. Рӯзи байналмилалии занон барои тасдиқи ӯҳдадорҳои мо дар таъмини баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳои занон ва духтарон фурсати беҳтарин аст.

Дабири кули Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш дар паёми худ бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон қайд намуд, ки асри 21 бояд асри баробарии занон бошад ва дар амалӣ кардани он ҳама нақши муҳим доранд.

Мавзӯи Рӯзи байналмилалии занон дар соли 2020 «Ман намояндаи насли баробарҳуқуқӣ ҳастам: татбиқи ҳуқуқҳои занон» аст ва ба мо хотиррасон мешавад, ки мо бояд қувваҳои худро муттаҳид намоем ва барои рафъи монеаҳо дар ҳама сатҳҳо барои таъмини дастрасии занону духтарон ба таҳсил ва ҷойҳои корӣ, интихоби васеътар, эҳтиром дар оила, ҷомеа ва эмин будан аз ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ чораҷӯӣ кунем.

Соли 2020 инчунин як қатор ташаббусҳои муҳим, аз ҷумла 25-солагии Эъломияи Пекин ва Платформаи амалиёти Пекин –нақшаи чаҳонӣ барои тавонмандсозии занону духтарон ва инчунин Маъракаи глобалии #СММ75 – ибтикори глобалӣ вобаста ба ҷамъоварии афкори омма оиди ҷаҳони оянда ба нақша гирифта шудааст.

Ман ҳамаи шумоёнро даъват мекунам, ки аз ин имкониятҳо истифода бурда, иштироки занону духтаронро дар тарҳрезии ояндаи ягонаи мо пешбарӣ намоем ва ӯҳдадор шавем, то ба ҳар як зан ва духтар имкониятҳои баробарро фароҳам оварем.

Рӯзи занон муборак!

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.