Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Пешниҳод: Осорхонаи бостоншиносӣ ба номи Масов гузошта шавад

Як хабарнигори шинохтаи тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод кардааст, дар арафаи  80-солагии профессор, академик Раҳим Масов Осорхонаи бостоншиносӣ ва мардумшиносии АУ дар шаҳри Душанбе ба номи Масов гузошта шаванд.

Ҳамчунин, Хилватшоҳи Маҳмуд дар саҳифаи фейсбукии худ номаи саркушодае ба номи муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файз, ба Президенти Академияи улуми Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббор Қосим даъват кардааст, дар зодгоҳу макони таҳсилоти Раҳим Масов- ноҳияи Ванҷу шаҳри Хоруғ лавҳаи ёдгорӣ насб карда кӯча ва мактаби таҳсилкардааш ба исмаш гузошта шавад.

Ин пешниҳоди Хилватшоҳи Маҳмуд дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарафдорони зиёдро пайдо кард. Қаблан пешниҳод шуда буд, ки ба Раҳим Масов унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад, аммо то ҳол мақомотҳои давлатӣ ба пешниҳоди рӯзноманигор вокуниш нишон надодаанд.

Академик Раҳим Масов муаллифи зиёда аз 500 асари илмӣ–оммавӣ ва 14 монография мебошад. Вай дар вазифаҳои раиси Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи улуми Тоҷикистон, роҳбарии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият кардааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.