Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Посӯхта лаби об. Гиёев бо доруи буз шифо мебахшад ё маъюб мекунад?

Ҳафтаи гузашта дар “Тоҷикистон” суҳбат бо Қобилҷон Гиёев, ки гирифторони короновирусро бо доруи буз табобат мекунад, ба нашр расид. Гиёев чанде пеш иддао карда буд, ки бо доруи зиддипневманияи бузҳо вируси навро табобат мекунад. Баъди нашри ин суҳбат ба идораи мо табиби соҳибтаҷриба Маҳмадулло Шарипов телефон карда, усули табобати Гиёевро шадидан маҳкум кард.

Шумо дар кадом асос усули табобати Гиёевро маҳкум мекунед? Ин дар ҳолест, ки ҳазорон нафар ба ӯ эътимод доранд?

-Мегӯянд,“посухта лаби об” маънои ин ҳикмат дар он аст, ки инсон ҳангоми ночорӣ тамоми имкониятро истифода мекунад ва оқибаташро наандешида, дарҳол ба амал мегузард. Эътимод ба Қобилҷон Гиёев ва доруи бузаш ҳамин тавр ба вуҷуд омадааст.

-Шумо огоҳ ҳастед, ки ӯ бо чӣ навъи доруҳо гирифторони короновирусро табобат мекунад?

-Ман ба хотири фаҳмидани асли масъала ба беморхонаи ноҳияи Рашт, ки Қобилҷон Гиёев сардухтури он аст, телефон карда, хостам бо ӯ суҳбат намоям. Вале ӯро пайдо карда натавонистам. Муовинаш гуфт, ки ӯ дар Душанбе аст ва дар кадом як беморхонаи хусусӣ ба муолиҷаи беморон машғул аст. Ман аз усули табобати ӯ огоҳам. Вай бо пенитсилин ва стрептамитсин беморонро гӯё табобат мекунад, вале баъди гузаронидани ин доруҳо бемор ба кадом ҳолат меафтад, ба касе маълум нест. Дар ҳоли ҳозир 44 лабараторияи бонуфузи дунё дар ҳоли омода намудани ваксина зидди каронавирус мебошанд, вале то имрӯз ба ҳеҷ кадом муяссар нагардидааст. Ин мардак бошад, бо пенатсилину стрептаметсин одамонро табобат мекардааст…

-Қобилҷон Гиёев мегӯяд, ки доруҳои ӯ комилан бехатар мебошанд ва ба узвҳои инсон ҳеҷ зарар расонида наметавонанд. Ҳатто истифодаи онҳоро барои занони ҳомила иҷозат медиҳад. Шумо ба ин иддао чӣ назар доред?

-Барои дағалиам, узр, аммо намаъқул кардааст! Чанд рӯз пеш фаҳмидам, ки ба беморхонаи рақами 14 омада, як бемори моро аз ҳамон доруи бузаш гузаронида, гуфтааст, ки баъд аз 4 соат аз коронавирус ному нишон намемонад. Вай бемор, ки як духтари ҷавон аст, қариб буд, ки ҳалок шавад. Мо қариб 5-рӯзи дигар ӯро табобат карда, аз ҳолати вазнин раҳо кардем. Барои мисол доруи стрептаметсинро мегирем. Агар ин дору ба организми инсон ворид карда шавад, дар баробари зарараш ба шуш ва роҳҳои нафас, метавонад инсонро то ба ношунавоӣ оварда расонад. Пенатсилин ҳам навъи антибиотики зараровар барои узвҳои нафасгирӣ аз он ҷумла шуш мебошад. Акнун худ қазоват кунед, ки чӣ гуна ин доруҳо безарар буда метавонанд!?
-Пас, Гиёев, ҳамкорон ва беморонаш чӣ тавр шифо ёфтаанд?...

Тафсилоти бештари суҳбат дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” нашр мешавад.

Суҳбаторо Яҳё Маҳмаднабиев

-->

Шарҳ

6 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Nigina Burhonova 08.06.2020 10:58

    Духтурхои шахр аз дастшон ягон кор наомад бисераш кор партои карданд имруз аз бахили намедонад киро ганда кунанд? точик мардум аз бахили ва кунковаки намонд? дар хамин балохам ки одам нашуданд намешаванд … Гури бахил танг … Кузапуштро танхо гур ислох мекунад .

  2. Маъруф Розиков 08.06.2020 10:59

    Духтурон дар вакти танги хама ба тахлука афтода бисёрашон корпарто ва худашона ба касал андохта ба хар бахона гурехтанд! Хайр фарз кардем, ки ин доруи буз зарар доштаст духтурое ки доноед дорои унвонхо хастед дар хамин шабу рузи вазнин ягонтаи Шумо чи пешниход кардед! Шахсан ман аз шунидани хамин хабар ки табиби мо бо доруи хайвон муолича кардааст хурсанд шудам. Ин дар асос як дилбардорихам буд барои мардум!!!

  3. Мамлакат Аюбова 08.06.2020 11:00

    Ҳа, аз ғайбату сангпартоӣ маълум ки буҳрони корона паст шудааст, ҳоли беморон рӯ ба беҳбудист. Мардум минбаъд ба ҷойи шукргузорӣ ва раҳоӣ аз беморӣ бозорӣ ғайбату тӯҳмату сангпартоиро гарм мекунанд. Тоҷики ман зинда бош!

  4. Дилором Шарипова 08.06.2020 11:01

    Он нафароне аз табобати хамин духтур рахо ёфта бошанд агар ки инсоф дошта бошан баромад карда ин духтури чавонро дастгири кунан,ки дар хакикат бад аз таботи Кобилчон Гиёев аз ин вирус начот ёфтан! Ва гар на вой бар холи ин духтури бечора!
    Кучо буданд и профессорои оликадр вакте ки ин вирус дар тамоми Точикистон сайру гашт карда ин кадар одамои бегунох аз ин олам чашм пушиданд!

  5. Шарофат 08.06.2020 11:01

    Ин ҷавон бояд аз дасти кӯрнамакии мо баромада ба Русия равад ва ба табобати мардуми ғайр машғул шавад. Дар он ҷо ба қадраш ҳатман ки мерасанд. Оби дари хонаи мо ҳамеша лой буду мемонад. Хайрият ягон бемори табобаткардааш намурд, вагарна пушти панҷара ҳам мерафт.

  6. Доктор 15.06.2020 10:31

    Шархи ин духтури солхурдаатон хеле бесаводона ва берун аз этика аст. аввал бояд бо худи кобилчон сухбат мекард….

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.