Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Президент аз мардум даъват кард «ҳамеша ҳушёру зирак» бошанд

Дар ноҳияи Ванҷи вилояти Мухтори куҳистони Бадахшон президент аз мардум даъват кард, ки «ҳамеша ҳушёру зирак» бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ки бо сафари корӣ дар арафаи ҷашни ваҳдат дар ноҳияи Ванҷ қарор дорад, зимни суханронӣ аз мардум даъват кард, ки барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат эҳтиёткор бошанд.

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ҳини суханронӣ президант таъкид намуд:»ҳоло як қатор кишварҳо ба гирдоби хунини ҷангу мухолифатҳои даҳшатнок гирифторанд ва созмону гуруҳҳои террористиву экстремистӣ аъмоли харобкоронаи худро торафт вусъат дода истодаанд. Дар чунин вазъи бисёр ҳассосу мураккаб ҳар яки мо вазифадорем, ки ба қадри сулҳу субот ва бузургтарин дастоварди халқамон — истиқлолияти давлатӣ расем, дастовардҳои онро ҳифз кунем ва ҳамеша барои таҳкиму тақвияти суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ кӯшиш кунем».

Президент дар ин суханронӣ бар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ таъкид намуда, афзудааст, ки дар ҷашони пурҳодисаву нооромиҳо бояд барои расидан ба ҳадафҳои муҳими давлатдорӣ ба арзишҳову муқаддасоти кишвари соҳибистиқлол арҷ гузошта шавад:«Бинобар ин, ба кулли роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, падару модарони соҳибэҳтиром, омӯзгорону зиёиён ва шахсиятҳои рӯзгордидаву обрӯманди ноҳия ва деҳоти Язғулом муроҷиат менамоям, ки фарзандони худро аз роҳи бад гардонед ва оқибатҳои бади гароиш ба гурӯҳу равияҳои террористиву экстремистиро ба наврасону ҷавонон фаҳмонед. Зеро тибқи маълумот имрӯз даҳҳо нафар сокинони ноҳия дар амалиёти ҷангӣ дар хоки давлатҳои дигар, аз қабили Сурияу Ироқ иштирок карда истодаанд, ки ин боиси нигаронӣ ва таассуф аст».
Президент дар идома таъкид кардааст, ки ба ғуруру мардонагӣ ва ҳисси баланди миллии сокинони Ванҷ бовар дорад ва хуб медонад, ки дар қалбу вуҷуди онҳо танҳо муҳаббату самимият ва умеди устувор ба ояндаи ободи Ватан ҷой гирифтааст.
Президенти Тоҷикистон бо сафари корӣ барои ширкат дар маросимҳои таҷлил аз Рӯзи ваҳдати миллӣ ба Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон қарор дорад ва ҳоло ин сафари корӣ аз ноҳияи Ванҷи ин вилоят оғоз шудааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.