Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Президент Вазири энергетикаи АМА-ро ба ҳузур пазируфт

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири энергетикаи Амороти Муттаҳидаи Араб Суҳайл Ал Мазруиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ шуда, соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати кӯҳӣ, тиҷорату сармоягузорӣ ва кишоварзӣ аз самтҳои афзалиятнок ва муҳиму ояндадори ҳамкориҳо арзёбӣ гардид.

Тавре таъкид шуд, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба дар ҳоли ҳозир қаноатбахш набуда фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб низ беҳбудиро талаб менамояд.

Дар мулоқот доир ба ҷалби сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Араб ба соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ ва боркашонии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, ташкили робитаи мустақими доираи соҳибкорону тоҷирони ду давлат, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маъданҳои кӯҳӣ, ба роҳ мондани содироти меваю сабзавоти тару тоза ва дигар маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Араб ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ зарур шуморида шуд.

Бо изҳори таассуф таъкид гардид, ки то имрӯз иқтидор ва имконияти бузурги рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба пуррагӣ истифода нашуда, таҳкими пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро тақозо менамоянд.

Ҷонибҳо ҳамзамон доир ба зарурати таъсиси Бунёди муштараки сармоягузорӣ, Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, инчунин таъсиси намояндагии яке аз бонкҳои тиҷоратии ин кишвар дар Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо анҷом дода шуд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.