Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Рӯзномаи ҷанговар

Мирзошариф Ғафурови 101-сола мехоҳад онро чоп кунад

Дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирокчии Ҷанги Бузарги Ватанӣ Мирзошариф Ғафурови 101 — сола мехоҳад, дафтари хотироти худро доир ба ҷанги хонумонсӯз ба нашр расонад…

Ҷанги ғайриинтизор

Бобои Мирзошариф 7 январи соли 1019 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Бо вуҷуди он ки қаҳрамони ҷанг 101 — сола аст, ҳаводиси 80 соли қаблро ба хубӣ дар ёд дорад ва онро гоҳо бо табассум ва гоҳе бо чашмони ашкбор ба имрӯзиён нақл мекунад.

…Вақте Мирзошарифи 18 — соларо соли 1940 ба хизмати ҳарбӣ даъват карданд, вай донишҷӯи курси дувуми Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷанд ба номи С. М. Киров (ҳоло ДДХ ба номи Б. Ғафуров) буд. Баъди донишгоҳ ӯро мебоист муаллими фанни физика шавад…

“Хизмати аскариро дар Кушки Туркманистон оғоз кардем. Ҳама ҷо ором ва дар гӯшаи хаёли касе фикри ҷанг набуд”, – мегӯяд, ҷанговар.

22-юми июни соли 1941 соати 4-и субҳ Германияи фашистӣ ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамла кард. Мирзошарифи наваскарро нахуст ба Фрунзе ва баъди он ба Тошканду Маскав фиристоданд…

Дар пеш ӯро муҳорибаҳо ва талош барои зистан интизор буд.

Рӯзномаи ҷанговар

Вақте Мирзошариф Ғафуров ҷониби фронт мерафт, ҳамроҳаш ҳамагӣ як дафтар дошт. Бинобар ин қарор дод, ки баъзе лаҳзаҳои ҳаёти ҷангии хешро дар он қайд кунад. Бо гузашти қариб 80 сол варақҳои зардшуда хотироти ӯро дар худ ҳифз кардаанд.

Баъзе қайдҳои ин дафтар:

22.06.1941. Соати 4-и субҳ ҷанги Германия бо СССР оғоз шуд.

15.07.1941. Дар Богир ҳамаро ҷамъ оварданд. Касе, ки маълумоти оливу миёна дошт, омодагии дивизиониро гузашт.

20.21.08.1941. Дар Ашқобод, дар назди полки 150 барои дарёфти рутбаи лейтенанти хурд имтиҳон супоридем.

25.08.1941. Бо поезд ба Тошканд омадем. Дар лагери сталинӣ ҳамдеҳаам Абдуғанӣ Ваҳҳобов ва ҳамкурсам Собир Ёқубовро дидам.

29.08.1941. Моро ба деҳаи Озодбоши Қазоқистон фиристоданд.

27.09.1941. Модарам бо ҷиянаш Мирзосангин ба дидорбинии ман омаданд.

26.10.1941. Дигарбора савганд хӯрдем.

5.12.1941. Аз Алма-Ато баромадем.

13.12.1941. Феълан дар шаҳри Доброва, 18 километр дур аз Маскав ҳастем.

29.12.1941. Аз Домодедово ба стансияи Горовид баромадем, 400 километр дур аз Ленинград.

03.01.1942. Ду тайёраи немисҳо стансияро бомбаборон карданд, чанд нафар кушта ва қисме захмӣ шуданд.

06.01.1942. Аз стансияи Боросов ба як деҳаи сӯхта баромадем. Ду рӯз дар хандақ хобидем.

Саҳифаҳои зардшудаи рӯзномаи Мирзошариф Ғафуров

09.01.1942. Амр гирифтем, ки деҳаи Взягинсовро аз душман тоза кунем. Рӯзи дароз ҷанг, немисҳоро қир кардем. …Ба мо муяссар шуд, ки маҳали аҳолинишинро аз душман тоза кунем, вале 17 нафар аз мо ярадор шуданд. Командири ман ҳамеша маро сарзаниш мекард, ки қади ман паст ва наметавонам ба дигар рафиқон расидагӣ кунам. Мегуфт, ки ман аз ҳама пеш мемирам, вале худаш дар муҳорибаи аввал кушта шуд. Серешев инсони хуб буд.

20.01.1942. Соати 12-и шаб амр шуд, ки деҳаи дигарро аз душман пок кунем. Немисҳо инро фаҳмида худашон гурехтанд. Ҳамчунин, ду деҳаи дигарро гирифтем, аммо онҳо сӯхта ҷуз мӯйсафеду кампирҳо касе он ҷо намонда буд. Немисҳо ҳамаи ҷавонон ва духтарҳоро ба асирӣ гирифтаанд.

16.01.1942. Дар деҳаи Холм истироҳат кардем ва баъди ин се рӯз роҳ гаштем…

Мирзошариф Ғафуров ин дафтарро, ки ҷое бо қалам ва ҷое бо ранг навишта шудааст, эҳтиёт мекард. Ҳатто дар он як хоҳиши кӯчак сабт карда буд: “О боевой товарищ, товарищ по оружию! Если я умру на войне, отправь этот блокнот моим родительям по адресу: Таджикистан, Ленинабадская область, Ленинабадский район, Гафуровым”…

Имрӯз ин дафтари арзишмандро бо дигар хотироти падари қаҳрамонашон фарзандон мехоҳанд ба нашр расонанд…

Тараҳҳум ба душман

Бобои Мирзошариф имрӯзҳо хотироти ҷангии хешро бо ҳисси ифтихор ба ёд меорад… 

26 январи соли 1942 аскарони советӣ амр гирифтанд, то ҳудуди Еленаро аз душман тоза кунанд. Зимни муҳорибаҳо қисме аз немисҳо гурехтанд, вале қариб 400 нафари онҳо дар бинои мактаб пинҳон шуданд.

“Дар як шаб мо 67 нафарро куштем, вале онҳо таслим шудан намехостанд. 33 нафари мо ҳам ярадор шуданд. Барои он ки ҳамаи немисҳоро нобуд кунем, ба хулосае омадем, ки мактабро оташ занем. Атрофи мактабро керосин рехта оташ задем. Немисҳо бо садои суруди миллиашон сӯхтанд. Онҳо таслим шудан намехостанд, вале як нафар аз миёни оташ ҷаҳида баромад ва дастонашро бардошт. Ӯ гуфт, ки немис нест, беларус мебошад, ки ба тарафи немисҳо гузаштааст. Инро шунида, бачаҳои мо ба шиканҷа додани ӯ сар карданд. Ман таҳаммул карда натавонистам ва ба пешониаш паррондам. “Ӯро то мурдан азоб додан лозим буд, вале ту марги ӯро осон кардӣ”,-гуфта ҳамяроқонам аз ман ранҷиданд. Вале ман ба душман тараҳҳум кардам”,-ба ёд меорад бобои Мирзошариф.

Ду ҷароҳат

Мирзошариф Ғафуров зимни амалиётҳои ҳарбӣ ду маротиба ҷароҳат бардоштааст. Бори аввал соли 1942 гӯшаш осеб дид. Ӯ он рӯзро чунин ба ёд меорад:

“Мо бояд як деҳаро аз душман пок мекардем. Барф аз зону боло буд ва мо чанд соат дар хандақҳо пинҳон шудем. Ман хостам роҳаттар бошам, бинобар ин каме ҷумбидам. Ҳамин лаҳза дар гӯши ростам дарди сахт эҳсос кардам. Сарам чарх зад, афтидам. Ҳамяроқонам дар атрофам буданд, яке наздам омад. Маълум шуд, ки тир гӯшамро харошида гузаштааст.”

«Васият»-и сарбоз ба ҳамяроқонаш

Баъди шифо ёфтани гӯшаш ӯ зуд ба фронт баргашт, вале соли 1943 боз ярадор шуд. “Ин ҳодиса 18 январ ба вуқӯъ пайваст, — ба ёд меорад, бобои Мирзошариф, — Дар деҳаи Иваново, панҷ километр дуртар аз стансияи Чернозем қарор доштем, зимни як муҳориба аз дасти чапам ду тир хӯрдам”.

Мирзошариф Ғафуровро дар госпитали Правдинск табобат карданд, баъди як моҳ ӯ ба фронт баргашт…

Роҳ ба сӯи Ватан

Моҳи августи соли 1943 Мирзошариф Ғафуровро ҳамчун ҷанговари таҷрибадор барои таҳсил ба Омӯзишгоҳи ҳарбии Пенза фиристоданд. Ӯ бояд афсар шуда, ба фронт бармегашт, вале дар соли дувуми таҳсили ӯ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Олмони фашистӣ ғалаба кард ва ҷанг ба охир расид.

Ҷанговари тоҷик ба назди пайвандонаш зиндаву саломат баъди 9 сол баргашт. Оиладор шуд ва соҳиби 9 фарзанд гардид. Ҳоло теъдоди авлодони ӯ ба 200 мерасад.

Меҳри муаллимӣ дар қалби ҷанговар баъди ҷанг низ ҷӯш мезад, бинобар ин, таҳсилро ба охир расонида, то нафақа ба тарбияи насли наврас машғул шуд.

Баъди нафақа бобои Мирзошариф ба гулпарварӣ машғул шуд ва то имрӯз ин шуғлро идома медиҳад. Ӯ ният дорад дафтари хотироти худро доир ба ҷанг ба нашр расонад ва ба ин васила хотироти ҳамяроқонашро шод гардонад.

Ба эшон барор мехоҳем…

О. НОЗИР

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.