Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Рӯзгори сангин дар Хуросон, аммо масъулин бетафовутанд

Бунафша Тағойхонова, ҳамроҳи ҳамсар ва ягона фарзандаш дар дохили як ҳуҷраи тангу торик ва пур аз обу гил рӯзашро шаб мекунад.

Бунафша Тағойхонова, ҳамроҳи ҳамсар ва ягона фарзандаш дар дохили як ҳуҷраи тангу торик ва пур аз обу гил рӯзашро шаб мекунад. Шабонгоҳ, аз набуди қувваи барқ ҳолаш аз рӯз бадтар буда, гоҳҳо ба равшании шамъу фонус ва гоҳи дигар бе ягон равшанӣ хӯрок тановул мекунаду писарашро ба оғуш гирифта, интизори дамидани субҳи содиқ аст.

Аз сабаби набудани хати қувваи барқ борҳо аз оташи шамъи афрӯхтаашон қисме аз ҷиҳоз ва ҳатто фаршу боми хонаашон ба коми оташ рафта, касе аз масъулони ноҳияи Хуросон аз ҳолашон хабар нагирифтаанд.

 Баландии сатҳи оби дохил ва гирду атрофи хонаашон ба дараҷае расида, ки гилеми дохили хонаашонро зер намоӣ оби зак мушоҳида мегардад. Манбаи ягонаи таъминоти рӯзгори мардуми деҳот кишоварзӣ аст, вале ин мардум наметвонанд ба ягон кори мақсаднок аз қабили кишти зироатҳо машғул шаванд. Дар заминҳои онҳо ҳатто ниҳоле ҳам сабз намегардад.

Бошандагони ин макон иброз медоранд, ки чанде қабл барои пухтани ғизои зарурӣ дегдончаҳо сохта буданд, ин дегдончаҳоро низ зак хӯрда несту нобуд кард. “Рӯзе ҳангоми пухтани нон ногаҳон аз дохили дегдонам мор хазида, қариб буд, ки заҳрашро ба танам халонад. Аз тарс писарамро гирифта то байни шоҳроҳи Душанбе-Бохтар, ки аз паҳлуи хонаамон мегузарад, давидам”,- иброз медорад яке аз сокинони ин макон.  

Оби ошомидание, ки харидорӣ карда, дар чоҳҳои махсус нигоҳбин менамоянд, бо оби ифлосу ғализи заҳбур омехта шудааст ва дар дохилаш ҳамагуна ҳашарот ҳасту ба ягон талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ намебошад. Давоми ду сол инҷониб рӯзгори як зумра сокинони биноҳои навбунёди деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон бо чунин тариқаи сахту сангин пеш меравад.

Мардуми ҳамакнун дар ин деҳа хона бунёд карда, нақл мекунанд, ки пас аз ба даст овардани замини наздиҳавлигӣ хурсанд шуданд, то дар он хона бунёд карда, ба зиндагии осоишта қадам мегузоранд. Мутаасифона, хурсандиҳояшон дер давом накард ва баъди кӯчидан ба ин макон фаҳмиданд, ки масъулини “заминтақсимкун” мардумро фиреб карда, ягон талаботу қоидаҳои сохтмони биноҳоро дар ин мавзеи ботлоқзор ба инобат нагирифта, ба онҳо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо кардаанд.

Тибқи таҳлилу мушоҳидаҳо рӯз то рӯз шароити зиндагӣ барои мардуми ин деҳа бад шуда, таҳкурсии хонаҳои чанд сол пеш бунёдкардаашон аз баландшавии сатҳи оби заҳбурҳо валангор гардидааст. Ҳуҷуми ҳамагуна хазандаву ҳашаротҳои заҳрнок аз қабили кайку мушу мору калтакалос хатари дигар ба ҷони онҳост.

Як қисми сокинони деҳаи Ҳалқаҷар ба шароити бади табиию сунъии ин макон тоб наоварда, хонаҳои навсохтаашонро тарк карда, мақсад доранд, ки баъд аз беҳтар шудани шароит бозпас гарданд. Ҳамсояҳои онҳо низ ангуштшумор боқӣ мондаанд ва дар ҳолати чунин тарз идома ёфтани ҳаёт бо эҳтимоли зиёд маҷбуранд манзилҳояшонро ба хазандаву ҳашароту ҳайвоноти даштӣ “ҳадя” карда, ба хонаҳои “ҷанолӣ”-и собиқи худ баргарданд.

Бо Бахтиёр Раҳмонқулов, дар назди дари раиси идораи замини ноҳия вохӯрдем. Зимни сӯҳбат маълум гардид, ки ӯ низ яке аз сокинони азиятдида ва серфарзанди деҳаи Ҳалқаҷар будааст.

Чун раиси идораро дар утоқи кориаш пайдо накардем, чанд саволамон беҷавоб монду Бахтиёр ҳам ба сухан даромада гуфт: “Баҳри ислоҳи камбудиҳои деҳаамон чандин маротиба ба назди раиси ноҳия даромадам. Раис фақат ваъда медиҳаду халос. Аз иҷро нашудани ваъдаҳои додааш маҷбур шудам, ки чанд маротиба дар рӯзномаҳо бо чопи мақолаҳо “ваъдахилоф” будани раисро исбот кунам. Аммо ҳамааш бенатиҷа. Фаҳмидам, ки раиси кумитаи замини ноҳия иваз шудааст, хостам бо ӯ сӯҳбат намоям, ки ин ҳам дар ҷояш нест”.   

Саволи матраҳ ин аст, ки “Чаро давоми ду сол ягон нафар аз масъулони аввал ва ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Хуросон аз шароити зисту зиндагии ин мардум хабар нагирифтаанд? Магар онҳо дастуру супоришҳои Пешвои миллатро фаромуш кардаанд, ки дар Паёмашон зикр карда буд: “Тибқи Конститутсия халқ сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, яъне ҳокимият аз халқ вобастагӣ дорад. Бинобар ин ҳар яки мо роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ бояд ба халқ содиқона хизмат кунем, на халқ ба мо”.

Ҳотам Каримов, раиси ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ иттилоъ дод, ки дар деҳаи зикршуда то кунун барои 70 оила дар ҳаҷми 6 сотихӣ замини наздиҳавлигӣ тақсим шудааст. Як қисми мардум бо хати барқ таъминанд ва дар қисми дигари маҳал корҳои омӯзишӣ аз ҷониби масъулони шабакаҳои барқи ноҳия идома дорад ва бо ҷудо шудани маблағҳои зарурӣ масъалаи таъминоти аҳолии ин макон бо қувваи барқ ҳал мегардад.

Аз раиси ҷамоат дар самти таъминоти аҳолии ин маҳал бо оби ошомиданӣ пурсон шудем. Дар ҷавоб гуфт, ки тибқи нақшаи лоиҳаи барномаи “Ҷайка” бояд солҳои наздик, на танҳо  аҳолии ин макон, балки 85 фоизи ноҳияи Хуросон обёрӣ гардад. Ин лоиҳа кай амалӣ мегардад, маълум нест. Ҷавоби Ҳотам Каримов, дар самти роҳҳои бартарафсозии мушкилоти баландшавии обҳои зеризаминии ин макон моро қаноат накунонд.

 Ӯ мегӯяд: “Барои паст кардани закшавии ин заминҳо бояд заҳбури наздик ба ин хонаҳоро то соҳили дарёи Вахш канд. Ин кор бояд бо дастгирии мардуми маҳал ва мақомотҳои дахлдор сурат гирад”. Мардуми маҳал дар хонаҳояшон, мақомоти дахлдор киҳо бошанд? Инаш ҳам маълум нест. Мардум бошанд, бар он назаранд, ки то кунун аз ҷониби масъулони ягон моқомот чунин пешниҳодро нашунидаанд.

Зимни боздиди дукарата аз идораи маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии ноҳия, муясарамон нашуд, ки бо директори ин марказ Низомиддин Бобоев ҳамсӯҳбат шавему вазъу ҳолати санитарии обҳои дар чоҳҳо нигоҳдаштаи мардуми деҳаи Ҳалқаҷарро пурсон шавем.

Дар назди дари ин марказ ҳам сокинони касбу кори гуногун ҷамъ омада, ба гуфти худи онҳо аз саҳар то баъди нисфирӯзӣ интизори “қудуми муборак”-и сардухтуранд. Баъди чанд дақиқаи гуфтугӯ бо мардум, табиб-оморчии марказ Рамшед Ҳасанов, дар наздамон пайдо шуда, ҳадафамонро фаҳмид ва дарҳол аз норасоии мутахассисон шикоят кард. Шояд ӯ гумон кард, ки мо барои пур кардани вакансияҳои холии МНДСЭ-и ноҳия Хуросон ташриф овардаем. Ин масъулон ҳатто намедонанд, ки деҳаи Ҳалқаҷар дар куҷои ноҳияи Хуросон ҷойгир аст. “Касе аз ин гуна деҳа ба мо мактуби шикоятӣ пешниҳод накардааст, ки рафта бинем”, — мегӯяд, Рамшед Ҳасанов.

Эмомалӣ Давлатов, корманди шартномавии шуъбаи ташкили андозбандӣ дар ноҳия, зимни сӯҳбат аввалан қайд кард, ки аз мардуми ин деҳа танҳо андози бино ситонида мешаваду халос. Ва баъди тамос гирифтан бо як корманди дигари шуъбаи андоз фикрашро дигар кард ва гуфт, ки аз замин ва аъмоли ин мардум умуман андоз ситонида намешавад.              

Баҳри расидагӣ ба мушкилоти мардуми деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон  тадқиқоти мо аз соати 8:00 то соати 15:00-и санаи 19-уми моҳи апрел сурат гирифт. Дар ин росто аз идораи ҷамоат, кумитаи замин, шабакаҳои барқ, МНДСЭ дидан карда, қисме аз ин соҳибмансабонро дар утоқи кориашон пайдо накардему аз қисми дигараш ҷавобҳои аҷиб шунидем. Дар охир ба хулосае омадем, ки ҳамон гуфтаи сокинон “Касе моро суроғ намекунад” дуруст будааст.

        Ҷомӣ Халифаев,

        вилояти Хатлон

Матни комили мақола дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон”

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.