Раҳимзода кормандонашро қадр кард

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аснои суханронӣ дар чорабиние бахшида ба таъсисёбии Воҳидҳои махсус аз кормандони кушташудаи ин ниҳод ёдоварӣ карда, аз корнамоиҳои онҳо тавсиф кард. 

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, ки Раҳимзода иброз дошта, ки дарки баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба давлату миллат буд, ки кормандони Воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар муборизаҳои сангин дар минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок карда, аз худ шуҷоату мардонагӣ нишон додаанд.

Ба иттилои манбаъ, вазир дар идома қайд намудааст, ки далерию мардонагии фарзандони ин сарзамин, кормандони Воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ Зоиршо Қаландаров, Олег Захарченко, Муқимҷон Алиев, Фарух Зарипов, Зариф Саидов, Дмитрий Буриев, Олег Дудиев, Шералӣ Давлатов, Иброҳим Ҷӯраев, Бобобек Тиллоев, Ҷамшед Махсумов, Тоҳир Усмонов ва дигарон беҳтарин намунаи диловарию корнамоӣ ва садоқат ба Ватан мебошад, ки барои ҳимоя ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ҷони худро нисор кардаанд. Хотираи неки ин родмардони Ватан дар таърихи милитсия ва дар қалби ҳамкорону дӯстон ҷовидонӣ боқӣ хоҳад монд”.

Ба қавли Рамазон Раҳимзода, ҳарчанд аз таъсиси Воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ солҳои зиёде нагузаштааст, вале ин ниҳод собит намуд, ки кормандони он ҳамчун фарзандони содиқи ин сарзамин ҳамеша омодаанд, барои ҳифзи ин Ватан ва сарзамини аҷдодӣ ҷони худро нисор созанд.

Ӯ дар идома таъкид намудааст, ки кормандони ин ниҳод барои мубориза бурдан бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, ошкорсозӣ ва безараргардонии ин гурӯҳҳо, итттиҳодияҳои ҷиноятии байналмиллалӣ, бартараф намудани дигар ҷиноятҳои хавфнок ҳамеша омода буда, вазифаи худро софдилонаву содиқона баҳри таҳкими истиқлолият, осудагии кишвар ва баланд бардоштани обрӯву эътибори кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сарбаландона иҷро менамоянд”.

Ба иттилои манбаъ, бо фармони Рамазон Раҳимзода як қатор кормандони Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД барои хизматҳояшон бо рутбаҳои махсуси навбатӣ, нишони сарисинагӣ ва медалҳои ҷашнӣ, ифтихорномаю раҳматнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуда, ба оилаҳои кормандони фавтида ва маъюбон кӯмаки моддӣ расонида шудааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *