Раҳмонободи дуюм дар Тоҷикистон

Маҷлиси вакилони халқи ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ пешниҳоди сокинонро дар мавриди ба ифтихори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Раҳмонобод номгузорӣ шудани деҳаи Ферегатро рӯзи 11 апрел баррасӣ хоҳанд кард.

Дар ин бора нашрияи маҳалии “Нигоҳи халқ” хабар додааст.

Фирдавс Самиев, раиси деҳаи Ферегат ба нашрия гуфтааст, ки ин деҳа дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон арзи вуҷуд  карда ва бинобар сиёсати хирадмандони Пешвои миллат ин деҳа обод шудааст.

Дар сурати қабул шудани ин пешниҳод Ферегат дуюмин деҳае хоҳад шуд, ки Раҳмонобод номгузорӣ шудааст.

Дар соли 2016 деҳаи Сучони вилояти Бадахшон, ки бар асари ҷорӣ шудани сел комилан хароб шуда ва баъдан бозсозӣ шуда буд, бо пешниҳоди сокинон номи Раҳмонободро гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75

Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *