Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Риштаи умри боз як табиби тоҷик канда шуд

Гулнамо Оламова, табиби Маркази тиббии шаҳрии №1, маъруф ба “Якум Советский”-и шаҳри Душанбе шаби 13-уми январ аз олам даргузашт.

Тавре ҳамкорони номбурда ба Pressa.tj хабар доданд, Гулнамо Оламова 62 сол дошт ва дар шӯъбаи эҳёгарии кӯдаконаи Маркази тиббии шаҳрии №1 ба сифати табиби эҳёгар фаъолият дошт. Ӯ ду сол пеш ҷарроҳии дилро аз сар гузаронидааст.

“Холаи Гулнамо дар Бемористони Ибни Сино ду сол пеш ҷарроҳии дилро аз сар гузарониданд, аммо бо вуҷуди ин бардаму чаққон буданд. Бо ҳамкорону корафтодагон хушмуомила ва муносибати хуб доштанд. Ҳатто се рӯз пеш дар шӯъбаи шабона навбатдорӣ карда, беморонро қабул мекарданд”,-гуфт дар суҳбат яке аз ҳамкорони Гулнамо Оламова.

Дирӯз маросими видоъ бо Гулнамо Оламова дар назди хонааш, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар он одамони зиёд, аз ҷумла ҳамкорону наздикон ва ҳамсояҳо ҷамъ омаданд. Сипас хешовандон ӯро ба зодгоҳаш, ноҳияи Рӯшони ВМКБ бурданд.

“Шаб ҳолати хушдоманам вазнин шуд. Ёрии таъҷилиро даъват кардем. Баъд аз ним соат дар бемористони “Истиқлол” аз олам даргузаштанд. Васияти хушдоманам буд, ки ба зодгоҳ, назди модарашон барем”-гуфт дар суҳбати кутоҳи телефонӣ Манзума, келини хонадон.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.