Ронандаи бадахлоқ боздошт шуд

Як  ҷавондухтари сокини пойтахт бо ирсоли муроҷиат ва нашри маводе дар саҳифаи худ дар Фейсбук аз дағалрафтории як ҷавонписар, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лада” шикоят намуда, хостори андешидани чораи қонунӣ гардид.

 Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, баъди нашри муроҷиат бо супориши вазири корҳи дохилӣ барои муайян ва боздошт намудани ронандаи бадахлоқ милитсияи пойтахт сафарбар карда шуд. 

Муайян карда шуд, ки ронандаи бадахлоқ шаҳрванд Давлатов Заробиддин Илҳомиддинович,  соли таваллудаш 1992 сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ, деҳаи Навобод буда, соҳибмулки автомшаинаи тамғаи “ВАЗ-21014” аломати қайди давлатиаш 0014 ЕС 01 мебошад.

Манбаъ таъкид намуд, ки номбурда зимни пурсиш пурра ба амали содирнамудаи худ иқрор шуда, иброз доштааст, ки санаи 12-уми август, ҳангоми идора воситаи нақлиёт дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе аз тирезаи автомашинаи худ дасташро бароварда, қисмати рони пои чапи ҷавондухтарро қапида, рафтори дағалона намуда, ҳамзамон бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ҷавондухтарро паст задаст.

Бо ҳукми Суди ноҳияи Сино нисбати номбурда Заробиддин Давлатов ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *