Ронандаи рус се муҳоҷири тоҷикро ба марг дучор кард (Видео)

Шаби 4 октябр дар як садамаи пурқурбонӣ дар шоҳроҳи Курган -Тюмен 4 нафар, аз ҷумла се муҳоҷири тоҷик ба ҳалокат расидаанд. Микроавтобуси онҳо дар пайи бархӯрд бо КамАЗ чунон маҷақ шуда буд, ки наҷотбахшон мошинро бо кафшер бурида, ҷасадҳоро берун кашидаанд. Ин муҳоҷирон ба хотири сабти номи дубора ба марзи Қазоқистон рафтаанд.

Нашрияи 72.РУ бо такя ба ГИБДД- пулиси роҳи вилояти Тюмен видео ва аксҳо аз маҳалли садамаи пурқурбонии муҳоҷирони тоҷик нашр кард.

Шаби 4 октябр, соати 02:45 микроавтобуси Тойота Превиа дар минтақаи Червишеви шоҳроҳи Курган – Тюмен дар наздикии гардиши шаҳраки Тараскул бо як мошини ахлоткаши КамАЗ бархӯрдааст. Пулис мегӯяд, ронандаро ба эҳтимоли ғолиб баъд аз тай кардани роҳи тӯлонӣ хоб бурдааст ва мошин ба самти муқобили роҳ баромада, ба КамАЗ бархӯрдааст. Шиддати бархӯрд чунон сахт буда, ки ҳатто мошини КамАЗ аз роҳ берун шуда, чаппа шудааст.

Наҷотбахшон гуфтаанд, микроавтобус дар натиҷаи ин садама ба ҳадде маҷақ шуда буд, ки мошинро бо кафшер бурида, ҷасадҳоро берун кашидаанд. Ронандаи мошин – зани 36-соларо низ бо ҳамин васила – бо кафшер буридани дари пеши мошин берун оварда, ба мошини «Ёрии таъҷилӣ” бор кардаанд.

Пулис мегӯяд, дар ин садама 4 нафар, аз ҷумла се шаҳрванди 26, 37 ва 46-солаи Тоҷикистон ба ҳалокат расида, се нафари дигарро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурдаанд.

Аз дохили мошини онҳо кортҳои муҳоҷират пайдо кардаанд. Ба эҳтимоли ғолиб, ин муҳоҷирон барои ба даст овардани ҳаққи сабти номи дубора дар қаламрави Русия марзи ин кишвар бо Қазоқистонро убур карда, дар роҳи бозгашт дучори садама шудаанд. Ронандаи ин микроавтобус, ба гуфтаи пулис, ҳар сари чанд вақт муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро ба марзи Русия бо Қазоқистон бурда меовард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *