Росия: Тоҷикдухтари 16 сола фавтид

Пулиси пойтахти Русия хабар дод, ки шаби 13 март як духтари 16-солаи тоҷик дар шимоли шаҳри Маскав аз қабати 24-уми бинои истиқоматӣ ба замин афтода, ҳалок шудааст. Гуфта мешавад, ки ӯ ҳангоми овехтани либосҳои шусташуда аз баландии қариб 70 метр сарозер шудааст.

Пулиси шаҳри Маскав мегӯяд, фоҷиа шаби 13 март дар корпуси аввали бинои рақами 21 дар гулгашти Бескудников дар шимоли пойтахти Русия рух додааст. Дар хабари расмии раёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав гуфта мешавад: «Дар назди бинои истиқоматӣ ҷасади як инсон бо ҷароҳатҳои хоси афтидан аз баландӣ ёфт шуд.”

Нашрияи «Звезда” бо такя ба манобеаш дар мақомоти интизомӣ ва сокинони дигари гулгашти Бескудников хабар дод, ки шаби гузашта дар инҷо як духтари 16-солаи зодаи Тоҷикистон аз қабати 24-уми бино афтодааст. Яке аз онҳое, ки ин духтарро мешинохт, ба «Звезда” гуфтааст, ки ӯ ҳамроҳи падару модар, се хоҳар ва як бародараш дар ин бино зиндагӣ мекард ва дар синфи ҳаштуми мактаби маҳаллӣ мехонд. Ба гуфтаи ин манбаъ, хонаводаи духтар мазҳабӣ буд.

Шабакаи телевизионии РЕН ТВ хабар дод, ки дар соати фоҷиа ҳамаи аҳли хонавода дар манзил будаанд ва духтар ҳангоми овехтани либосҳои шусташуда ба замин сарозер шудааст.

Пулис гуфтааст, ки сабабҳои ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад, ки марги ин духтар тасодуф буд ё қадами санҷидашуда?

Ҳар сол беш аз 1 миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Ҳазорон нафари онҳо аҳли хонаводаи худро низ ҳамроҳи худ ба мусофират мебаранд.

Бино ба оморҳо, ҳар сол дар Русия ба ҳисоби миёна беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои мухталиф ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Яъне ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз дар Русия то 3 муҳоҷири тоҷик аз олам чашм мепӯшад.

Беморӣ, фалокат дар ҷои кор, садамаҳои нақлиётӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуш ва ҳамчунин куштор аз сабабҳои асосии марги муҳоҷирони тоҷик дар ин мулки мусофират гуфта мешавад. Дар ин авохир дар бораи чандин мавриди худкушии муҳоҷирони тоҷик дар Русия низ гузориш шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *